Гулхумори 26 соларо бори 11-ум ҷарроҳӣ  карданд

26 апрел қафаси синаи  Гулхумор Бозороваи  26-соларо маротибаи 11-ум   духтурони дилшинос ҷарроҳии плостикии НМД карданд. Айни ҳол ӯ дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи  марказии ноҳияи Мастчоҳ бо марг дастбагиребон аст.

Бино ба гуфти падари Гулхумор-Атабой Бозоров   аз соли 2013 то соли 2018  11 маротиба: 8 маротиба дар беморхонаи дилу рагҳои  шаҳри Хуҷанд ва 2 маротиба дар беморхонаи дилу рагҳои  шаҳри Душанбе ва рӯзи гузашта дар беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ  духтари ӯро ҷароҳӣ кардаанд. 

 Хулас  пӯсташро  бурру дӯз ва қабурғаҳояшро шикаставу пайваст карданд, аммо бо ҳамин  Гулхуморам маъюб шуду хонааш беморхона гардид. Сабаби дар шаҳри Хуҷанд не ноҳияи худамон бистарӣ шудани духтарам дар он аст, ки “ҳама шифо меёбаду танҳо духтари ту такрор ба такрор бо шикофт ба пеши мо меояд…”-гӯён духтурони беморхонаи дили шаҳри Хуҷанд моро пеш карданд- бо алам нақл кард падари бемор.  

Рӯзи 23 апрел вақте ба беморхона рафтем як шаб пеш таъби бемор баланд шуда, дар лабаш  ҳафтпӯст дамидааст, ки ин дард  болои дарди кӯҳнаи қариб 5 солааш ин дарди нав шуд.    Нолаи ҷонкоҳи духтар, акши шашқатори модар,  сари хами падар ва оҳи сарди апаи Гулхумор дар дили сангдилтарин инсони олам ҳам ҳисси раҳму шафқатро бедор мекард. Дар ҳоле, ки аз шиддати дард хун аз лабони  парсинбастаи бемор ҷорӣ мешуд ба нақли қиссаи талхи беморияш сар кард.

               Бемор: Духтурони Хуҷанд пешам карданд

Ба худам дилам месӯзад, ба модари гирёнам, ба падари ҳайронам ва бародари сарсонам. Зеро дар аввал сиҳат будам ва аз ягон кори хонаю саҳро намемондам.   Дилам сих зада дард карданро сар кард. Падарам  ба беморхона Мастчоҳ оварда ба духтурон нишон додан. Онҳо моро барои ташхис ба шаҳри Хуҷанд фиристоданд, ки бемории ин духтар  аз дил гуфта.  Вале…

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед. 

                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *