“Гули сурх”-и Farzin нашр шуд
Рэпсарои ҳамакнун шинохта ва сермухлиси тоҷик Farzin рэпи нави худро бо номи “Гули сурх” дар ютубканали шахсиаш “Farzin Muz” нашр кард.
“Гули сурх” дар як шабонарӯз наздики 30 ҳазор маротиба аз ҷониби ҳаводорони рэп дар “Ютуб” бозбинӣ шудааст.
Farzin аз ҷумлаи рэпсароёне мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ бо рэпҳояш ба дили ҳазорҳо нафар роҳ ёфта, ҳоло маҳсули эҷодашро садҳо ҳазор нафар меписанданд.
Асосан, Farzin-ро рэпи “Ситора”-аш, ки бо рэпсарои шинохта C.ONE нашр карда буд, миёни мардум зиёдтар шиносонид. Вале ҳоло рэпи мазкур аз саҳифаи шахсии C.ONE тоза шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ