“Гулистон”-и Зайд Саидро харидан намехоҳанд
Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли 2016 чанд осоишгоҳ бо шумули истироҳатгоҳҳои машҳури «Шоҳамбарӣ» ва «Зумрад» хусусӣ карда шуданд. Анвар Наҷмиддинзода, муовини раиси кумита 30-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки имсол хусусисозии осоишгоҳи бузурги «Хоҷа Оби гарм», ки моликияти давлат аст, дар назар гирифта шудааст.Корхонаи бузурги тавлиди сементи шаҳри Душанбе, мавсум ба «Тоҷиксемент» низ бояд хусусӣ карда шавад шавад.Аз Анвар Наҷмиддинзода дар бораи сарнавишти корхонаи дӯзандагии “Гулистон” пурсиданд, ки моликияти Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон буд. Муовини вазир гуфт, ки “Гулистон”, ки мусодира ва моли давлат карда шуд, ба фурӯш гузошта шудааст.»Аммо, дар ҷараёни ду музояда дар охири соли гузашта ва дар аввали моҳи январ ҳеҷ тоҷире барои харидории ин корхона таваҷҷӯҳ накард» – гуфт, Анвар Наҷмиддинзода. Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон эълон кардааст, ки 100 дар сади саҳмияҳои ин корхона фурӯхта мешавад. Корхонаи “Гулистон” қаблан ба истеҳсоли шиму либосҳои “ҷинс” машғул буд ва маҳсулоташро ба кишварҳои Аврупо содир мекард. Аммо баъди мусодираи он ба нафъи давлат, корхона аз фаъолият монд.Ҳоло дар Тоҷикистон 121 корхонаи давлатӣ вуҷуд дорад, ки ҳамаи саҳмияҳояшон дар ихтиёри давлат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ