Гулкарам давои бемории ҷигар
Гулкарам аз ҷумлаи хӯрданиҳои лазизест, ки аксарият онро хеле дӯст медоранд. Дар баробари болаззат буданаш, он дорои натрий, калсий, магний, калий, фосфор ва витаминҳои С, В1, В2 мебошад, ки барои организми инсон хеле фоидаоваранд.
Истеъмоли гулкарами обпаз ба узвҳои ҳозима, бахусус бемориҳои меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид буда, беморони диабети қанд дошта низ метавонанд онро истеъмол намоянд. Аммо мутахассисон хӯрдани гулкарамро ба шахсоне, ки ба бемории ниқрис, яъне подагра гирифторанд, тавсия намедиҳанд.
Тавре болотар қайд гардид, гулкарам дар таркибаш ба миқдори зиёд витамини С дорад ва махсусан барои занон фоидабахш аст. Витамини мазкур ба бадани шахс қуввату мадор бахшида, хатари гирифтор гаштан ба бемориҳои вирусиро коҳиш медиҳад. Аммо як нуктаи муҳимро бояд қайд намоем, занҳое, ки кӯдаки ширмак доранд, набояд аз 150-200 грамм зиёд гулкарам истеъмол кунанд, зеро он ба дамиш кардани рӯдаҳо замина мегузорад.
Ватани гулкарам кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин буда, он дертар ба дигар давлатҳои ҷаҳон паҳн гардидааст. Аввалҳо онро карами суриёӣ мегуфтанд.
Ибни Сино истеъмоли карами суриёиро дар зимистон ғизои муфиду шифоангез мешуморид. Гулкарамро бори нахуст набототшиноси араб Ибни Байтор тавсиф намудааст. Онро фақат дар Сурия ва дигар мамолики араб парвариш менамуданд. Дар асри 12 гулкарамро арабҳо ба Испания бурданд. Баъдтар он аз Сурия ба Кипр бурда шуд. Тақрибан 200 сол қабл гулкарам аз Ҳолланд ба Русия оварда шуд. Феълан гулкарам дар тамоми Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Чин ва Ҷопон парвариш карда мешавад. Тибқи манбаъҳои соҳаи кишоварзӣ, парвариши гулкарам дар Тоҷикистон солҳои 50-уми асри 20 дар водии Ҳисор оғоз ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ