“Гулмурод маро шикаст”-мегӯяд, падари полковник Ҳалимов

Гулмурод маро шикаст”-мегӯяд, падари полковник Ҳалимов  

Ин мӯйсафедро 10 сол боз мешинохтам. Бародараш оҳангсози маъруф, шодравон Карим Ҳалимов дар ҳамсоягии мо зиндагӣ дошт. Ҳар боре, ки Абдусалим ба хонаи бародараш меҳмонӣ меомад, моро низ даъват мекарданду дар суҳбати ин пири рӯзгордида нишаста, аз нақлҳояш лаззат мебурдем. Бахусус ҳикояти фавтидани ҳамсарашу майли зани дигар гирифтанаш хеле хотирмон буду бори дигар шунидани онро аз забони худаш орзу мекардам.

-Баъди фавтидани ҳамсарам аз танҳоӣ азоб мекашидам, мехостам зан гирам, вале духтарҳоям, ки ҳама хонадор буданд, гиря кардаву ба ин иқдоми ман муқобил баромаданд,- нақл мекард мӯйсафед. Ман ҳам андеша карда, ба хулосае омадам, ки тадбири дигар бояд ҷуст. Ҳамин ки шаб вақти хоб шуд, барои духтаронам ҷойгаҳи алоҳидаю дар хонаи дигар барои домодҳоям ҷойи хоби ҷудо партофтам. Фарзандҳо аз ин ҳайрон шуданд.

-Ин чӣ кори кардагиатон, падар?-суол кард духтари калонӣ.

-Маро, ки зан намедиҳед , шумо ҳам аз шавҳарҳоятон ҷудо хоб кунед,-гуфтам ба қаҳр.

Ҳама завқида хандиданд ва рӯзи дигар ба хостгорӣ рафта, маро зан доданд ва то имрӯз бо ҳамон ҳамсарам зиндагии хушҳолона доштам, вале фирори Гулмурод аз Ватан маро шикаст дод, — мегӯяд Абдусалим Ҳалимов.

Инак, баъди 10 сол мо боз вохӯрдем, мӯйсафедро дида, шод шудам, суфисалом кардем. Ӯ  ба оши сари соли бародараш омада буд. Ростӣ, то ин лаҳзаи вохӯрӣ намедонистам, ки ӯ падари Гулмурод Ҳалимов аст. Чун дар рафти суҳбат аз саломатияшу аҳли хонаводаашон пурсон шудам, чанд бор оҳи бадард кашида мегуфт, ки “рафтани Гулмурод шикастам дод”. Баъд пурсидам, ки кадом Гулмурод?

— Аз фирор карданаш боре ҳам ба мо чизе нагуфта буд,-  мӯйсафед, ки ба синни 89 қадам гузоштааст, ҳар лаҳза  шукронаи ободию шукуфоии кишвар мекард, вале барои рафтори нангини фарзанди кенҷааш, ки худро аз ёру диёр дур карда ,ба Сурия рафта, ба ДИИШ пайвастааст, дилаш хиҷил  аст ва сараш дар назди мардум хам.

-Боз Гулмурод занашро ҳам ба он ҷо бурдааст…

-Чӣ хел бурдааст,  вақте ки занаш аз рӯи шунидам ҳамроҳи шумост.

-Не, зани дигарашро ҳамроҳи 4 фарзанд. Магар намедонед? Вай Ҳумайро Мирова ном дорад.

Воқеан, тавре расонаҳо хабар дода буданд, соле баъд аз фирори Гулмурод ҳамсараш Ҳумайро бо 4 фарзандаш ҷилои Ватан карда буд.

 Ин зан ҳоло дар Сурия қарор дорад. Мегӯянд, ки тариқи хоки Қирғизистон  ин сафари худро анҷом додааст. Ҳумайро Мирова собиқ корманди марказҳои матбуоти ВКД ва баъдтар Хадамоти гумрук тариқи Исфара ғайриқонунӣ ба вилояти Боткенди Қирғизистон рафта, аз он ҷо ба Маскав парвоз кардааст.  Дар шаҳри Маскав Ҳумайро барои худ шиноснома сохта, ба шаҳри Истамбул парвоз кард ва  аз он ҷо ба Сурия рафтааст.  То ҳанӯз маълум нест, ки дар фирори Ҳумайро Мирова тариқи марзи Исфара-Боткенд кормандони Хадамоти гумрук мусоидат кардаанд ё не? Бало аз паси бало меояд мегӯянд. Дар ин равиш ду хешованди Ҳумайро Мирова низ барои ёрӣ додан дар фирори ӯ ба муҳлати 15 солии зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳумайро Мироваро ҳамчун ҳамсари дуввуми Гулмурод Ҳалимов арзёбӣ мекунанд.

-Бешавҳар, ки монд ӯро Гулмурод ба занӣ гирифт, — гуфт мӣйсафед ҳини суҳбат ба мо…

Аз фирори ӯ ҳамакнун 9 моҳ сипарӣ мешавад, аммо то ҳол худи ӯ боре изҳори назар накардааст. Гулмурод дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ борҳо дар нишастҳои матбуотӣ таъкид доштанд, ки ин полковники фирорӣ дар рӯзҳои наздик боздошт хоҳад шуд. Хабаре пештар дар бораи фавташ дар расонаҳо интишор шуда буд, вале худи Гулмурод аз зинда буданаш дарак дод. Таҳдидҳояш ба Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолият аз тариқи интернет, қумандони ДИИШ интихоб шуданаш , ба ивази сари ӯ 3млн. доллар ваъда кардани ИМА низ паҳн мешуданд. Ҳатто расонаҳои хориҷи кишвар ӯро Усома бин Лодани сонӣ мегуфтанд. Ин овозаю дарвозаҳо то куҷо ҳақиқати воқеӣ доранд, касе гуфта наметавонад, вале падари як замон зиндадилу хушчақчақи  ӯ  имрӯз дар назди мардум сархам аст.

Дилаш мезӯзаду батакрор мегӯяд:

-Рафтани Гулмурод маро шикаст дод…

Нафаре аз хонаводаи Абдусалим Ҳалимов, падари 89-солаи Гулмурод Ҳалимов ба мо гуфт, ки мӯйсафед дар манзили зисташ радиои дастиро ба гӯшаш наздик бурда, ахбор гӯш мекунад. Таъкид кард ,ки вақти суҳбат эҳтиёткор бошем, то фишори хунаш баланд нашавад. Ӯ ҳар соат  ба маҳкум кардани онҳое мепардозад, ки “қадри ин мулки ободу зеборо намедонанд.” Наздиконаш мегӯянд, ки  ҳар гоҳе шеъри “Во ғарибӣ”-и Камоли Хуҷандиро мешунавад, гиря мекунад… 

Иззатбеки Идизод,

“Тоҷикистон”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *