Гулмуроди фирорӣ боз аз худ дарак дод

Аксҳои наве аз полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов нишон медиҳад, ки ҳамсари дувум ва кӯдакаш ба назди ӯ рафтаанд. Дар ду акси Гулмурод Ҳалимов, ки рӯзи 31-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро Мирова дар канораш нишастааст. 

Дар ин аксҳо полковники фирорӣ бо мӯйҳои жулидаи хоси ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”(дар Тоҷикистон манӯъ аст) духтари бузургашро дар бағалаш гирифтааст. Возеҳ нест, ки ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтаанд.

Гулмурод Ҳалимов, сардори пешини ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст. Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов ва сухангӯи собиқи Хадамоти гумрук, моҳи феврали соли гузашта бо фарзандонаш ғайб зад ва маълум набуд, ки дар куҷост. Бархе аз манобеъ гуфта буданд, ӯ ба Сурия рафтааст.Хонаводаи Ҳумайро Мирова мегӯянд, дар як акси дигари Гулмурод Ҳалимов, ки охири соли гузашта нашр шуд, Муҳаммад, писари панҷсолаи ӯро шинохтаанд. Аксҳои ба дасти Радиои Озодӣ расида ин иддаоро тақвият медиҳад.Шоҳназар Миров, бародари Ҳумайро Мирова, рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи аксҳо дигар шубҳае намонд, ки ӯ ба пеши шавҳараш расидааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гоҳ Ҳумайро бо наздиконаш тамос надошт. Ӯ гуфт, хабарҳои кушта шудани Гулмурод Ҳалимов ва озод шудани Мавсил аз дасти тундравон онҳоро ба тамос гирифтани Ҳумайро аз Ироқ умедвор карда буд, вале то ҳол ҳеҷ садое аз ӯ нашуниданд.Бародари Ҳумайро гуфт, аз рафтани ӯ ба Ироқ ҳайрон шуданд, зеро хоҳараш пас аз пайвастани Гулмурод ба ДИИШ ӯро бо нафрат ёд мекард. Ӯ гуфт, “таъкид мекард, ки аз пушти Гулмурод бадбахт шудаам. Аз ҷои кору обрӯ мондам. Гуфтамаш, ки парто ҳамон шаҳрро ва биё ҳамроҳи мо зиндагӣ кун. Биё, муаллима шав, лекин наомад. Зиқ буд, доим мегуфт, ки карйераамро куштанд. Баъдан, шунидем, ки рафтааст”.Моҳи майи соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зайниддин Тоҳирӣ ва Сайфулло Салимзода, ду тан аз пайвандони Ҳумайро Мироваро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ ин ду нафар кумак кардаанд, ки Ҳумайро ва чаҳор кӯдаки ӯ “ба Ироқ ба назди полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов бираванд”.

Мақомот гуфтанд, ин ду нафар Мироваро аз шаҳри Ваҳдат тавассути таксӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бурда, аз марз гузарондаанд. Баъдан, ӯ тавассути ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба шаҳри Ӯш ва аз онҷо то Туркия парвоз кардааст. Хатсайри сафари ӯ то Туркия барои мақомот маълум шудааст, аммо дигар мушаххас нест, ки ӯ аз кадом роҳ ба Сурия ва аз онҷо то Ироқ расидааст.​ВКД: “Дар бораи Гулмурод маълумоти оперативӣ ҳаст”Гулмурод Ҳалимов пас аз пайвастанаш ба ДИИШ гоҳ-гоҳ дар наворҳои видеоӣ ё аудиоӣ ақидаҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро тарғиб мекард. Моҳи августи соли 2016 Амрико барои хабар додан аз макони Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза эълон кард ва пас аз ин ӯ дигар нопайдо шуд.Дар ин муддат ду бор расонаҳо хабари марги ӯро нашр карданд. Бори охир моҳи майи имсол нашрияи “Таймс” аз қавли мақомоти Ироқ гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов кушта шудааст. Аммо то ҳол ҳеҷ манбаи дигаре ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд. ​Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, “баъзе маълумоти оперативӣ”-ро дар бораи Ҳалимов рӯи даст доранд, вале дар бораи зинда ё мурда будани ӯ чизе нагуфт.Шаҳри Мавсили Ироқ, пойтахти гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” , ки гуфта мешуд, Гулмурод Ҳалимов дар он ҷо қарор дорад, аз дасти ин гурӯҳ озод шудааст. Аммо аз сарнавишти баъдии Гулмурод ва ҳамсари удвуми ӯ Ҳумайро Мирова иттилои дақиқе рӯи даст нест.Ҳумайро Мирова ба ҳайси корманди Хадамоти матуботии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2008 корро шурӯъ кардааст. Ӯ замони кор дар ВКД бо Гулмурод Ҳалимов, ки он замон дар дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН кор мекард, шинос шуда, бо ӯ ҳамчун ҳамсари дувум издивоҷ мекунад. Ӯ аз Гулмурод ду писар ва ду духтар дорад. Духтари аз ҳама хурдиаш ҳангоми фирор шаш моҳ дошт.

«озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *