Гулназар: Суруди миллӣ аз ман нест!

Сулаймон Юдаков аз яҳудиёни Қӯқанд буда, яке аз композиторони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки “Коваи оҳангар” ва “Найрангҳои Майсара” барин асарҳои барҷастаро офаридааст.

Суруди миллии Тоҷикистон 7 сентябри соли равон 25 — сола мешавад. Ба ин муносибат бо муаллифи матни он, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, устод Гулназар ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

-Устод, 25 — солагии Суруди миллӣ муборак бошад…

-Ташаккур, ба шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон, ки хонандагони “Тоҷикистон” ҳастанд, низ муборак бошад.

-Аммо чаро ба ин муносибат тантанае нест?

-Аз муқаддасоти миллӣ, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллиро дар бар мегирад, фақат солгарди Парчам таҷлил мешавад. Ҳол он, ки машҳуртарин унсури давлатдорӣ Суруди миллист, зеро он садо дорад, ҳаракат мекунад, инсонро ба хурӯш меорад, ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро боло мебардорад, яъне зинда аст. Аммо таҷлили он ба ҳукми анъана надаромад. Фақат 5 сол пеш дар як суханрониашон Президенти кишвар 20-сола шудани Суруди миллиро ишора карданд, аммо дигар ба таҷлили он таваҷҷуҳ нашуд.

-Ҷое гуфта будед, ки рақобат барои Суруди миллӣ шадид буд…

-Бале, дар Иҷлосияе, ки таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 7 сентябри соли 1994 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор шуд, Сарвари давлат гуфтанд, ки дар озмун 104 суруд бо оҳанг пешниҳод шуда буд. Ман ёд дорам, ки Ғаффор Мирзо 18 суруд, устод Лоиқ 4-5 суруд, Гулрухсор 3-4 суруд, банда ҳам 3-4 — тоӣ пешниҳод карда будем. Тартиби қабули суруд чунин буд, ки номи муаллифони матну оҳанг нишон дода намешуд ва мо бо номҳои мустаор пешниҳод карда будем. Яъне, зимни муҳокимаҳо, ки бо роҳбарии профессор Иброҳим Усмонов мегузашт, касе намедонист, ки шеъру оҳанги киро мешунавад, ҷуз худи муллифоне, ки дар комиссия ширкат мекардем. Дар ин комиссияи бонуфуз қариб ҳамаи шоирони маъруф, оҳангсозон, муаррихон, хулоса гули сари сабади фарҳангу адаби мо ширкат доштанд.

-Чаро шумо маҳз зери оҳанги суруди пештара матн навиштед? Овозаҳо ҳаст, ки гӯё яке аз талаботҳои асосии қабули Суруди миллӣ оҳанги Сулаймон Юдаков будааст. Оё ин ҳақиқат дорад?

-Не, чунин талабот набуд. Гап дар сари он ки масъалаи қабули Суруди миллӣ аз соли 1991 то соли 1994 тӯл кашид. Моҳи апрели соли 1994 Муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси хеле тезутунд гузаронид. Ҳатто гуфт: “Чор сол мешавад, ки мо Истиқлолият дорем, ҳукумати қонунӣ дорем, аммо Суруди миллӣ надорем. Агар шумо навишта натавонед, мо аз ҳамсояҳо кӯмак мепурсем”. Дар ҳамин маҷлис бастакори шинохта, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Дамир Дӯстмуҳаммадов, зимни суханронӣ як ишора кард, ки ба ман таъсир кард: “Ҳамин қадар оҳангҳо пешниҳод шуд, аммо ҳама суруди одӣ ҳастанд, мисли оҳанги Сулаймон Юдаков як чизи комил нест”. Ин сухан маро ангеза дод. Ҳамон рӯз ман хона омадам ва “Энсеклопедияи советии РСС Тоҷикистон”-ро кушода, бахши “Гимн”-ро ёфтам. Гимни РСС Тоҷикистон, бошеъри устод Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков бо нота он ҷо омадааст:

Чу дасти рус мадад намуд,

бародарии халқи совет устувор шуд,

ситораи ҳаёти мо шарорабор шуд.

Ва дар ҳамин оҳанг дар мағзи ман мисраъҳо пайдо шуданд:

Диёри арҷманди мо,

Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод.

Аммо дар матни устод Лоҳутӣ ҳамагӣ дар чанд мисраи аввал вазн риоя мешаваду дар идома эшон ба хотири мусиқӣ аз вазн мебароянд. Баъдан, суруди қаблӣ нақарот надорад, аммо дар шеъри ман нақарот пайдо шуд:

Зинда бош эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

Ҳамон рӯзи 21-уми апрели соли 1994 ман ин сурудро дар як нишастан навиштам ва баъдан албатта, такмил додам.

Баъди навиштани матн намедонистам, ки ба кӣ муроҷиат кунам, то ҳамоҳангии матну оҳангро муқоиса кунем, зеро ҳама композиторон, ки бештарашон дӯстонам буданд, дар озмун ширкат мекарданд. Баъди андаке андеша ба ёдам омад, ки дар ҳамсоягии мо композитор, духтари Пӯлод Толис, Лола Толис зиндагӣ мекунад. Солҳои камбағаливу вазнинӣ буд. Ҳамон рӯз ҳамсари раҳматиам дар тафдон нон пухта буд. Бинобар ин, як то нони калонро дастовез гирифта, бо завҷаам ба хонаи Лола рафтем…

Лола зуд мақсади маро фаҳмид ва баъди ошноӣ бо матну навохтан гуфт, ки дар нақарот “ман” дар оҳанг намеғунҷад.

Ман ба Лола гуфтам, ки Худо ба дилам нур андохт ва маҳз ҳамин нақарот сабаб мешавад, ки матни ман қабул мешавад ва пурсидам, ки оё имкони илова кардани як ҳиҷо ба мусиқӣ ҳаст? 

Лола розӣ шуд ва ба нотаи Юдаков як овоз ҳамроҳ кард.Ҳамин тавр, ман сурудро пешниҳод кардам.

-Гуфтед, ки дар як нишастан матни сурудро навиштед. Оё баъдан зарурати такмил ё таҳрири  он пеш наомад?

-Се маротиба ман ба суруд тағйирот варид кардам. Бори аввал мисраи“Ба номи ту ба дурҳо расидаем”-ро  ба “Зи дурии замонаҳо расидаем”иваз кардам. Маротибаи дувум зимни муҳокимаи кори комиссия ба мисраъҳои:

Барои нангу номи мо,

Ту аз гузаштагони бенишон нишонаӣ.

-эрод гирифтанд, ки чӣ тавр гузаштагони мо бенишон ҳастанд?

Ва ман онро бо “Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ”иваз кардам. Баъдан, вақте дар Кумитаи телевизион ва радио сурудро сабт мекарданд, мутахассисон гуфтанд, ки мисраи “Барои нангу номи мо”бо “Барои номун нанги мо” иваз шавад, ки ман розӣ шудам. Ҳамин тавр, суруд баҳои аз ҳама баландро соҳиб шуд.

-Рост аст, ки ҷойи дувумро ҳам дар озмуни Суруди миллӣ суруди шумо гирифт?

-Бале. Он матни ман бо оҳанги бисёр олии Зайниддин Зулфиқоров буд, ки чунин нақарот дошт:

Нишони оли Сомон,

Худо туро нигаҳбон!

Ҷойи сеюмро суруди устод Лоиқ дар оҳанги Фаттоҳ Одина соҳиб шуд.

-Устод солҳои баъдӣ ба Суруди миллӣ ҳамлаҳо ҳам сурат гирифт ва пешниҳодоте ҳам буданд, ки он иваз шавад. Шумо ба ин нафарон чӣ посух додед?

-Ҳеҷ, зеро ин баҳсҳо аз маҳалгароӣ маншаъ мегирифтанд. Аммо ман ба ин чизҳо таваҷҷуҳ намекунам, муҳим он аст, ки Суруди миллӣ чун Истиқлолияти миллии мо пойбарҷост. “Оби дари хона лой аст” мегӯянд, ки рост аст. Як донишманд аз Исфаҳон китобе таҳия карда, ки дар он сурудҳои миллии тамоми давлатҳо бо оҳангҳояшон гирд оварда шудааст. Вақте бо ӯ мулоқот доштам гуфт, ки дар ягон гимни дунё “Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост”-барин ҳарфи таъсиррасон нест, ин бозёфт аст… Аммо дар ин ҷо дӯстонам навиштанд, ки “Зи дурии замонаҳо расидаем” мисраи хушк аст, ҳол он ки ин пайванди таърихи чандҳазорсолаи мо дар як мисраъ аст. Бинобар ин, ин баҳсҳо моҳият надорад. Муҳим он аст, ки ман аввалин муаллифи аввалин Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолам.

-Суруди миллӣ, дар тамоми ҷаҳон садо дод ва онро ҳама медонаду бо он мефахрад. Оё шумо ҳанӯз ҳам онро мисли дигар шеърҳоятон моли худ медонед?

-Дар ду-се соли аввал ман аллакай фаҳмида будам, ки Суруди миллӣ моли ман нест, балки моли миллат аст, моли давлати соҳибистиқлоли ман аст. Аммо вақте кӯчаро мегузарам ва онро кӯдакон мехонанд, ифтихор мекунам.

-Шумо бо Сулаймон Юдаков шинос будед?

-Бале. Оғози солҳои 80-ум бо Саттор Турсун дар Тошканд будем, ки шоирАширмат бо як марди миёнқад ба дидори мо омад. Ӯ Сулаймон Юдаков буд ва бо ӯ суҳбати хотирмоне доштем. Кӣ медонист, ки баъди солҳо сарнавишти шеъри ман бо оҳанги ӯ абадӣ мепайвандад.

Сулаймон Юдаков аз яҳудиёни Қӯқанд буда, яке аз композиторони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки “Коваи оҳангар” ва “Найрангҳои Майсара” барин асарҳои барҷастаро офаридааст. Ҳам барои тоҷикон ва ҳам барои ӯзбекон сурудҳои зиёдеро ёдгор мондааст. Аммо, мутаассифона, дар Тоҷикистон барои гиромидошти ӯ коре нашудааст. Оҳанги ӯ аз соли 1946 Суруди миллии Тоҷикистон аст. Мо бояд дар Душанбе ҳатман номи ӯро зинда кунем, пайкараашро гузорем, хиёбонеро ба номаш монем…

-Ҳамчун муаллифи Суруди миллӣ шумо чӣ имтиёзҳо доред?

-Ҳеҷ, зеро қонуне, ки дар бораи рамзҳои давлатӣ дар замони вакилии худам қабул шуд,ҳаққи муаллифро пешбинӣ накардааст. Ман ҳамон замон наздики 200 доллар гирифта будам. Аммо ин муҳим нест ва ман талабе ҳам надорам. Муҳим муҳаббати халқ ва пойдор будани Суруди миллист.

Мусоҳиб

Одил Нозир,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *