Гулнора Каримова бибӣ шуд
Духтари калонии президенти нахустини Ӯзбекистон Гулнора Каримова модаркалон шуд.
-Акси набераи хурдакаки ӯро бори нахуст дар Instagram писараш Ислом Каримови хурдӣ нашр кард,- хабар медиҳад Tengrinews.kz.
Дар акс писарбачаи хурдсоле ба назар мерасад, ки маҷаллаи «Муносибатҳои байналмилалӣ» бо забони англисиро газида истодааст.
Ислом Каримови хурдӣ аз замоне, ки дар ватанаш таъқиби модараш оғоз гардид, дар Бритониё умр ба сар мебарад. Охири соли 2017 набераи калонии президенти нахустини Ӯзбекистон аз ҳукумати Бритониё паноҳгоҳи сиёсӣ хоста буд.
Худи Гулнора Каримова чанд сол боз дар Ӯзбекистон адои ҷазо мекунад. Ахиран додгоҳи Швейтсария ҳукм баровард, ки 293 миллион доллар аз дороиҳои ширкати марбут ба ӯ ба хотири тақаллуб ва сарпечӣ аз пардохти андоз мусодира карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ