Гулнора Каримоваро ба девонахона ҷой карданд

Пас аз марги президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов аз сар нав таваҷҷуҳи васоити ахбори омма ба тақдири духтари калонии ӯ Гулнора Исмоиловна Каримова равона шудааст.
Дар ин бора сомонаи «Новости в Мире» иттилоъ дода, меафзояд, ки таваҷҷуҳи ВАО ба Гулнора Каримова бесабаб нест. Зеро ӯ чанд сол пеш дар фазои сиёсати Ӯзбекистон аз шахсони пуртаъсир ба ҳисоб мерафт. Зиндагию рӯзгори Гулнора 5 сол пеш аз барои ҷанҷолҳои калони молиявӣ дар арсаи байналхалқӣ коста гардид.
Гулнора то ин дам бо сиёсатбозӣ қаноат накарда, ҳунари дизайнери либосҳоро омӯхта, дар шоу-бизнес ҳамчун сароянда бо тахаллуси «Гугуш» машҳур гашта буд. Таҳти ин тахаллус вай албоми пурраи сурудҳояшро ба табъ расонда, бо ҳунарпешаҳои маъруф, аз ҷумла бо Жерар Депардйе якчанд консерт ҳам дода буд.
Ҷанҷолу хархашаҳо аввал обрӯйи Гулнораро дар назари аҳли хонавода, пеш аз ҳама, падараш Ислом Каримов резонд. Бо амри падараш ӯ таҳти таъқибу тазъийқ гирифтор шуда, тарки Ватан карда, ба хориҷа панаҳ бурд. Овозае низ паҳн шуд, ки маҳз Гулнора ҷойгузини ояндаи президенти Ӯзбекистон хоҳад шуд. Хуллас, солҳои охир Гулнора ба ҳабси хонагӣ маҳкум гашта, аз ҳамаи имтиёзҳо маҳум карда шуд.
Ва, инак, манбаъҳои боэътимод ва як мансабдори баландмақом иттилоъ додааст, ки Гулнора Каримоваро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ҷой додаанд. Ӯ ҳатто имкони робита бо фарзандаш Ислом Каримови хурдӣ надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *