Гулнора Каримоваро “ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурд

Вазъи саломатии Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, поезиденти собиқи Ӯзбекистон дар зиндони Зангиота якбора бад шуда ва мошини “ёрии таъҷилӣ” ӯро ба бемористон интиқол додааст.

Вазъи саломатии Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, поезиденти собиқи Ӯзбекистон дар зиндони Зангиота якбора бад шуда ва мошини “ёрии таъҷилӣ” ӯро ба бемористон интиқол додааст.

Дар ин бора Грегуар Манҷа, адвокати шведсариягии Гулнора Каримова дар саҳифаи худ дар Twitter хабар дод.

Ин адвокат навиштааст, бо вуҷуди интизории шашсоата мақомоти зиндони Зангиота ба вай иҷозаи мулоқот бо зерҳимояашро надодаанд.

Мақомоти зиндон ба ин иддао то ҳол посухе надодаанд.

Гулнора Каримова моҳи августи соли 2015 ба тамаъҷӯйӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуда, дар моҳи декабри соли 2017 ба муддати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Ӯ аввал дар ҳабси хонагӣ басар бурда, баъдан барои вайрон кардани муқаррароти ин навъи ҳабс ба зиндони Зангиота интиқол шуд.

Зимнан, дар моҳи ҷорӣ духтараш Имон Каримова зимни як нома аз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дархост кардааст, ба далели бад будани вазъти саломатии модараш ӯро аз зиндон озод кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *