Гулов бо таблеткаҳои зараровар боздошт шуд
Маводи мухаддир аз хавфноктарин хатарҳоест, ки ба ҳаёту саломатӣ, иқтисодиёту маънавиёт ва пешрафту тараққиёти башарият таҳдид намуда, ба ҳар сарзамине, ки он ворид гардад, маргу маҳбас ногузир мебошад. Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ҳамасола миллионҳо нафар одамон аз таъсири заҳрноки он ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор нафари дигар муфлису дардманд ва гирифтори бемории мушкилдавои нашъамандӣ мегарданд.
Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷӯйӣ доир менамоянд, ки дар натиҷаи он гуруҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб безарар ва аз онҳо миқдори махсусан калони ин бори зиёновар дарёфт ва мусодира карда мешавад.
Аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуќуќвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулов Хуршед Саломович соли таваллудаш 1964, зода ва истиќоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навбаҳор 1/1, ҳуҷраи 9, соли 2013 бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 347 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан ба ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриќонунии воситаҳои нашъаовар дастгир карда шуд.
Дар рафти котукови шахси дасгиршуда, аз ў ба миќдори 1395 дона маводҳои рангашон хокистаранг ва кабудча дар намуди ҳабҳо дарёфт гардид.
Мувофиќи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои мусодирашуда моддаҳои психотропии «МДМА» буда, вазни умумияшон 472 грамро ташкил дод.
Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўйӣ дар вилояти Суғд дигар иштирокчии ҷинояти мазкур, шаҳрванд Гулов Толибҷон Хуршедович соли таваллудаш 1998, зода ва истиќоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Навбаҳор 1/1 ҳуҷраи 9, дастгир карда шуд.
Бо ин кирдорҳояшон шаҳрвандони номбурда ҷинояти дар моддаи 200 ќисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ