Гулов ва Байрактар имкониятҳои сармоягузориро баррасӣ карданд
20-уми январи соли 2022 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати куҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
— Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд. Дар баробари ин, Тоҷикистон бо чаҳор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ оид ба об яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои обӣ ба ҳисоб меравад,- меафзояд манбаъ.
Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон вохӯриҳои маҷозиро дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ дар фурсати наздик ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия сафарбар менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ