ГУЛРУХСОР, Шоири халқии Тоҷикистон

Зиндагинома. Гулрухсор Сафиева дар деҳаи Яхчи водии Рашт ба дунё омадааст. Соли 1968 факултети филологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ. Дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун ҳамчун рӯзноманигор ва сардабир фаъолият намудааст. Ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1968-1969), мудири бахши фарҳанг ва матбуоти Кумитаи марказии Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон (1969-1970), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1970-1972), сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (1970-1981), раиси хазинаи маданияти Тоҷикистон (1987-1993) иҷрои вазифа кардааст. Ӯ Котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Узви Асотсиатсияи нависандагони Осиё ва Африко, Раиси Хазинаи байналмилалии фарҳанги Тоҷикистон, Вакили Совети Олии СССР (1989-1991), Пезиденти Академияи байналмилалии фарҳанги ЕвроОсиё (1994-2004, Русия) буд.

Эҷодиёт. Асарҳои Гулрухсор Сафиева (назму наср ва илм) ба забонҳои гуногуни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики ҷаҳон нашр шудааст. Ӯ аввалин нависандаи роман дар бораи зани тоҷик, дар давлатҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мебошад. Гулрухсор дар таҳқиқи фолклори водии Рашт саҳми арзандае гузоштааст. Китобҳояш «Хонаи падар» (1973), «Шабдарав» (1975), «Афсонаи куҳӣ» (1975), «Дунёи дил» (1977), «Ихлос» (1980), «Оташи Суғд» (1981), «Гаҳвораи сабз» (1984, бо ҳуруфи форсӣ), «Сипар» (1984, бо ҳуруфи форсӣ) «Оинаи рӯз» (1984), «Шабнам» (1986), «Руҳи Бохтар» (1987), «Қасидаи куҳистон» (1988), «Тахти сангин» (1992), «Зодрӯзи дард» (1995), «Дар паноҳи сояи худ» (1998), «Рӯзномаи берӯз» (2000), «Зан ва ҷанг» (2000, 2004, 2013), «Девон» (2004), «Биҳишти хобҳо» (2004), «Девон» (2006), «Сад барги ғазал» (2007), «Ҷовидона» (2009) «Шуъла дар санг» (2011), «Таронаи Ватан» (2012) ба нашр расид. Маҷмӯаи нави шеърҳояш бо номи «Дигар ишқ» зери нашр аст. Дар Эрон ҳашт китоби шеъру насри Гулрухсор дар интишороти гуногун нашр шуда, намунаи ашъори шоир дар китобҳои дарсии ин мамлакати дӯст омӯхта мешавад.

Қадршиносӣ. Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1976); Ҷоизаи ВЛКСМ (1978); Ҷоизаи Амрикоии ба номи Х. Хамет (1994); Шоири халқии Тоҷикистон (1999); Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *