Гулсифат Шаҳидӣ

Гулсифат Шаҳидӣ: Ҷоиза муҳим нест, вале он нерӯ мебахшад

Гулсифат Шаҳидӣ имрӯз яке аз нависандагони муваффақи муосир аст, ки осораш дар кишварҳои мухталифи олам ба табъ расида, истиқболи гарм ёфтаанд. Солҳои охир нависанда бештар барои кӯдакону наврасон асар эҷод мекунад ва ин навъи осораш хонандагони зиёд доранд. Дар сафари навбатии Гулсифат Шаҳидӣ ба Душанбе бо эшон дар бораи адабиёти кӯдак суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.

— Шумо ба забони модарӣ хуб ҳарф мезанед, вале сабаб чист, ки ба забони тоҷикӣ эҷод намекунед?

​- Чаро? Ду китоби аввалам дар оғози солҳои 90-ум ба тоҷикӣ эҷод ва нашр шуданд — «Меҳрнома» ва «Ёднома». Дар ин китобҳо аз таърихи оилаи мо сухан меравад. Ман рӯзноманигор ҳастам ва мақолаҳои зиёдам ба забони модарӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон чоп шудаанд. Чаро имрӯз ба русӣ менависам? Як таҷриба-эксперимент гузаронидам. Китоби «Ҳамсояҳо»-ро ба тоҷикӣ чоп кардам ва ба мағозаи китоб гузоштам. Аз 100-то 4-тояш ба фурӯш рафт. Русиаш бошад, то имрӯз харидор дорад. Аз сабаби ба русӣ навиштанам, теъдоди хонандагонам хеле зиёд аст. Аз русӣ асарҳоям ба шаш забони дунё тарҷума шуданд. Ман албатта, худро ба Чингиз Айтматов баробар намекунам, вале ҳамаи асарҳояшро ӯ ба русӣ навиштаву машҳури ҷаҳон гашт. Ман дар сафари охирам ба Тоҷикистон мушоҳида карда, ба хулоса омадам, ки ақаллан 20%-и мардум китобхон мебуданд, хуб мешуд…  ​

— Устод Убайд Раҷаб аввалин адиби тоҷик ҳастанд, ки сазовори Ҷоизаи байналмилалии ба номи Андерсон гардидаанд. Ба назари шумо, чаро дигар адибони тоҷик ба он мушарраф нашуданд?

​- Устод Убайд Раҷаб устоди адабиёти бачагона дар Тоҷикистони шӯравӣ буданд. Ва ҳамчун адиби шӯравӣ аз Москва ба ин унвон пешниҳод шуданд. Ҳоло Тоҷикистон бояд аз номи худаш пешниҳоди ҷоизаҳоро ба роҳ монад. Пеш аз ҳама асарҳо бояд ба бисёр забонҳо тарҷума шаванд. Ба дили хонандаҳои хориҷӣ ҳам роҳ ёбанд. Ин корро бояд созмонҳои эҷодӣ иҷро кунанд. Ҳоло мо адабиёти хуби бачагона дорем. Медонам, нафароне ҳастанд, ки ин ва дигар ҷоизаҳоро сазовор шуда метавонанд.

Оё ҷоиза дар рушди эҷоди нависанда нақше дошта метавонад?

— Вақте китоби “Шаҳри ормонҳои сабз”-ро навиштам, ҳеҷ фикр намекардам, ки он соҳиби ҷоиза мешавад. Ин воқеа бароям таконе буд, ки ҷиддӣ ба эҷод пардозам. Медонед, он вақт фикр мекардам, ки як асари таҷрибавӣ эҷод кунам ва бубинам чӣ мешавад… Дугонаам ба ман гуфт, ки асарро қисм-қисм дар саҳифаи Проза.ру гузорам. Ҳоло китоб чоп нашуда, хонандагони сершуморе пайдо кард. Вақте китоб чоп шуд, ба ман пешниҳод карданд, ки онро ба озмуни эҷодии созмони адибони Авруосиё дар Лондон пешкаш кунам. «Ҳарчӣ бодо бод» гуфта, дар озмун иштирок кардам. Соҳиби ҷоиза шудам. Ин ба ман боварӣ бахшид…
Вале ҷоиза барои рушди истеъдоду ҳунар чизи муҳим нест. Ҳар чӣ дар дег ҳаст, ба кафлес мебарояд. Агар Худо дода бошад, ту албатта дар корат ба қуллаҳои баланд расида метавонӣ.​

Айни замон берун аз кишвар зиндагӣ мекунед. Оё аз адабиёти имрӯзаи бачагонаи тоҷик бохабаред?

-​ Дар дуриҳо зиндагӣ кардан маънои онро надорад, ки аз зиндагии кишвари азизат бохабар набошӣ. Ман адабиёти муосири тоҷик ва махсус адабиёти бачагонаи дастрасро мутолиа мекунам. Мо саҳифаҳои хубе дорем дар Интернет ва яке аз онҳо «Адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон» аст. Вақте ки Тоҷикистон омадам, аввалин китобе, ки бароям тақдим шуд, «Бибӣ, бобо, набера»-и шумо буд. Намунаи хубе аз адабиёти кӯдак аст. Умуман, коре, ки имрӯз адиби шинохта Латофат Кенҷаева мекунад, беҳтарин мисол дар инкишофи ин самти адабиёт дар Тоҷикистон аст.

Чаро ба таълифи афсона рӯ овардед?

— Дер ё зуд ман албатта бояд ба афсона рӯ меовардам. Чун худам ба набераҳо қиссаю афсона мегуфтам. Набераам Ғаффорҷон калон шуда, аз ман илтимос кард, ки ҳамон қиссаҳоро ба ёд орам, нависам ва ба шакли китоб барои набераҳои хурдсолам чоп кунам. Ҳамин тавр ҳам кардам. Се китоби дигар барои наврасон навиштам. Созмони адибони Русия ин асарҳоямро ба шакли китоби алоҳида чоп кард. Ҷоизаи “Адиби сол”-ро ҳам барои асарҳои ба кӯдакону наврасон навиштаам гирифтам.

​- Ҷое гуфтаед, ки барои бачаҳо навиштан нисбатан хеле осонтар аст, аммо бисёре аз адибони кӯдак ақидаи дигар доранд…

— Адабиёти бачагон бешак масъулияту ҷавобгарии бештар дорад. Вале барои ман ҳамчун оромиш дар эҷодам хизмат мекунад. Вақте романи «Офтобхон»-ро менавиштам, хеле қуввату асабамро сарфи гирудори ҳаёти қаҳрамони асар мекардам. Дар байни ҳар қисмати роман як чиз барои кӯдакон менавиштам ва ин бароям як танаффусу истироҳати маънавӣ буд. Ҳоло бошад, ба навиштани детектив машғулам. Фаҳмидам, ки кори осон нест. Боз бароям афсона марҳами дил шуд.

На ҳар адиб барои бачаҳо ва калонсолон навишта метавонад. Дар навиштаҳои худ фарқ мегузоред?

— Фарқе намегузорам. Вале на ҳар чизе, ки барои калонсолон навишта мешавад, барои кӯдакон мувофиқ аст. Барои диққати хурдсолонро ҷалб кардан бояд худат аз нав кӯдак шавӣ. Бояд солҳои бачагиатро ба ёд орӣ. Худро ба ҷои кӯдак гузорӣ.

Тасвир ва ороиш дар китоби кўдакона чӣ аҳамият доранд?

— Аҳамияти бузург дорад. Зеро кӯдакон он чизеро мехонанд, бояд тасаввур кунанд. Мушоҳида кардам, хеле рассомҳои хубе дорем, ки китобҳоро барои кӯдакону наврасон хеле зебо наққошӣ мекунанд.

Дар адабиёти тоҷик асарҳои фантастикӣ хеле каманд. Шумо дар ин жанр ҳам асар эҷод намудед. То куҷо муваффақ гаштед?

-​ Мехоҳам дар ҳамаи жанрҳо худро санҷам. Ҳоло асари детективӣ навишта истодаам. Бароям хеле мушкил аст. Вале кӯшиш карда истодаам.​

Оё замону макони муайян доред барои эҷод?

-​ Замон — шабҳои бехобӣ. Макон — ҳар ҷое, ки азизонам бошанд, мизи корӣ ва компутер. Асарҳоямро дар шаҳрҳои гуногун навиштам — Душанбе, Лондон, Москва, ҳоло дар Дубай.

Дар интиҳои чанде аз китобҳои шумо андешаҳои хонандаҳо оварда шудааст. Андешаи хонанда бароятон муҳим аст?

— Албатта. Ман танҳо барои худам наменависам. Бароям муҳим аст, ки хонандагон дар бораи навиштаҳоям чӣ фикру андеша доранд. Пеш аз он ки китоб чоп шавад, онро дар саҳифаҳои интернетӣ мегузорам. Хеле бароям муфид аст. Хонандагон фикру андеша ва баъзан ислоҳҳояшонро бароям менависанд.  

​- Зиёд сафар мекунед. Оё бо худ китоб мегиред? Агар ҳа, пас кадом китобро?

-​ Бе китоб умуман зиндагиро тасаввур карда наметавонам.​ Вале ҳар бор китобҳо гуногунанд. Аз бачагӣ ин одат шудааст. Мо дар хона дусадҷилдаи Адабиёти ҷаҳониро доштем. Падарам мегуфтанд, ки беҳтарин ганҷ китоб аст. Ҳоло ки детектив менависам, зиёдтар Конан Дойл ва Агата Кристиро такроран мехонам. Вақте асари саҳнавиро менавиштам, Антон Чеховро мутолиа мекардам. Вале китобе, ки бароям ҳамешагист, “Маснавии Маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ аст.

Мусоҳиб: Сайидо ШАРАФӢ

Гулсифат Шаҳидӣ — насрнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик. Ҳамсари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ. Дар асоси китобҳои Гулсифат Шаҳидӣ дар Лондон, Маскав, Душанбе, Ню-Йорк, Вашингтон, Нурсултон, Минск, Брюссел, Стокҳолм, Калининград, Суворов ва дигар шаҳрҳо шабҳои адабӣ ва эҷодӣ баргузор шудаанд. Узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад. Китобҳои ӯ — “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”, “Офтобхон”, “Аҳриман”, “Шаҳри ормонҳои сабз” бо забонҳои гуногуни олам нашр шудаанд. Гулсифат Шаҳидӣ барандаи чандин ҷоизаҳои адабии байналмилалист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *