Гулсифат Шаҳидӣ — насрнависи ҷаҳонии мо

Насрнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ Ғаффоровна Шаҳидӣ 1-уми январи соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) буда, номзади илмҳои филологӣ аст.

Дар асоси китобҳои Гулсифат Шаҳидӣ дар Лондон, Маскав, Душанбе, Ню-Йорк, Вашингтон, Нурсултон, Минск, Брюссел, Стокҳолм, Калининград, Суворов ва дигар шаҳрҳо шабҳои адабӣ ва эҷодӣ баргузор шуданд. Узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.

Номбурда журналист, адабиётшинос ва насрнавис, номзади илмҳои филологӣ мебошад. Ғайр аз он, Шаҳидӣ узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.

Бисёре аз асарҳои Шаҳидӣ борҳо дар Душанбе, Лондон, Маскав, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокҳолм, Кембриҷ, Минск, Калининград ва Тел-Авив муаррифӣ шудаанд.

Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва модари продюсери рус Табриз Шаҳидӣ мебошад ва имрӯз вай дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.

Китоби машҳури “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”

Моҳи марти соли гузашта Гулсифат Шаҳидӣ ва “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон”-аш барандаи ҷоизаи миллии адабии Русия гардид, ки бо ташаббуси Иттиҳоди нависандагони Русия инак бори даҳум баргузор мешавад.

“Барои ман бисёр ногаҳонӣ буд, ба он хотир, ки интизор надоштам як нависандаро бо исми тоҷикӣ қадрдонӣ кунанд. Ҳайати ҳакамон — тахминан 50 нафар, ҳама дар толор буданд ва тавре фаҳмидам, овоздиҳӣ бидуни шинохтани шахсияти нависандаи довталаби озмун бар асоси танҳо баҳогузорӣ ба асарҳои ӯ сурат гирифтааст ва ман аз рӯи маҷмӯи баллҳо баранда эълон шудам. Ман гуфтам, ки ин пирӯзиро дар остонаи иди Наврӯз ба мардуми Тоҷикистон мебахшам”,- гуфта буд Гулсифат Шаҳидӣ.

Маҷмӯаи “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон” се сол пеш иншо шуда, ба забонҳои тоҷикӣ (дар Душанбе), русӣ (дар Маскав) ва ба русию англисӣ (дар Лондон) нашр шудааст. Рӯнамоии ин асар соли 2019 дар Душанбе ҳам баргузор шуд. Он замон дар як суҳбаташ Гулсифат Шаҳидӣ гуфт, ки барои эҷоди маҷмӯи афсонаҳо набераҳояш кумак карданд, чун ҳар дафъа аз ӯ дархост мекарданд, ки барояшон афсонаҳои нав қисса кунад.

Тарҷумаи англисии “Афсонаҳои Гулсифат-бибиҷон” соли 2018 дар Лондон ҳам ба нависандааш унвони “Беҳтарин адиб”-и ҷоизаи адабии Hertfordshire-ро овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *