Гуляман Алиёрова: Барои овози гӯсфандон “выговор” гирифтам

Гуляман Алиёрова собиқадори матбуот ва радиову телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз аввалин хатмкунандагони риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаҳо, медали 100- солагии «Матбуоти тоҷик», нишонаҳои «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

Гуляман Алиёрова аз хурдсолӣ ба навиштани мақолаҳо шавқи калон дошта, маводҳои насрии аввалинаш дар рӯзномаҳои «Девори мактаб», «Тоҷикистон», «Бадахшони Советӣ», «Маъориф ва маданият» интишор ёфтаанд.

Ӯ мегӯяд “вақте ки номи маро ҳамчун журналист касе ба забон мегирад, худро хушбахттарин инсон ҳисоб мекунам. Ифтихор менамоям, ки дар қатори армияи журналистон ман ҳам 50 соли умри худро ба ҳамин соҳа бахшидаам.”

Соли 1966 дар назди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон шӯъбаи нави рӯзноманигорӣ кушода шуд. Гуляман Алиёрова ҳуҷҷатҳояшро супориду ҳамроҳ бо 30 нафар қабул гардид. Сипас бо роҳхати Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фиристода шуд.

“Вақте барои дохил шудан ба шӯъбаи журналистика омадам, дар онҷо яке аз омӯзгорон ба ман гуфт “духтарам 30 каса зада метавонӣ?”, ман ҳайрон шуда, пурсидам ки “чӣ хел?” Гуфт “аз 30 нафар зӯр бошӣ, дохил мешавӣ, ту мақола навишта метавонӣ?” Гуфтам “бале” ва ҳамин тавр, ҳама бо 15 бал ва ман барои мақолаҳои навиштаам бо 20 бал дохил шудам. Ягон “тағо” надоштам, гули худрӯй барин дар байни 500 нафар мақоми донишҷӯро ба даст овардам”.

Гуляман Алиёрова мақсад дошт, ки фаъолияти эҷодии худро аз рӯзномаи “Бадахшони Советӣ» оғоз намояд. Бо сабаби надоштани ҷои корӣ дар шуъбаи забони тоҷикӣ ӯро ба шӯъбаи забони русӣ ба кор қабул карданд.

Рӯзи 24-уми июли соли 1972 дар ҳаёти Гуляман сахт нақш баст. Аз он рӯз ба корҳои эҷодиву рӯзноманигорӣ оғоз намуда, ҳар замон маводҳои гуногуни насрӣ менавишт. Дар саҳифаҳои рӯзнома ҳар ҳафта мақолаҳояш чоп мешуданд ва чандин бор сазовори ҷойҳои намоён мегашт. Пас аз 2 сол ӯро ба ҳайси мухбири рӯзнома ба шуъбаи забони тоҷикӣ, шуъбаи адабиёт ва саънат интиқол доданд. Гуляман аз хусуси арбобони санъат Ноёбшоев, Қ. Шоискандаров, рассом М. Гадомамадов, озмунҳои санъат, рӯзҳои адабиёт ва санъат бисёр мақолаҳо менавишт. Ҳамин гуна шуд, ки қаҳрамони мо бо ҳамсафари ҳаётиаш бо тақозои касбу кор вохӯрӣ кард.

“Чун дар шӯъбаи адабиёт ва санъат фаъолият мекардам, рӯзе аз идора супориш шуд, ки дар бораи ягон рассом чизе нависам. Ба театр рафтаму гуфтам “ба ман “художник” даркор!” Масъулин гуфтанд, ки мунтазир шавам, ҳозир меояд. Ним соат интизор шудам, вале касе наомад. Асабӣ шуда, дод задам, ки чаро беҳуда мунтазир мекунанд. Гуфтанд, ки “рассом навакак аз наздат гузашт”. Вақте ба пушти саҳна рафтам, он ҷо як марди қоматбаланд, оромона расм мекашид. Бо ҳам шинос шудему 16 дақиқа сӯҳбат кардем. Ҳангоме, ки аз пушти саҳнаи театр баромадам, ҳама ҳайрон шуданд, ки чӣ гуна ман рассомро ба гап даровардам. Маълум шуд, ки ин рассом бо касе гап намезадааст. Ҳамин тавр, мо шинос шудем, гоҳ- гоҳ вомехӯрдем ва якдигарро дӯст дошта, оила барпо намудем.”

Соли 1975 аввалин бор дар вилоят комитети радио ва телевизион кушода шуд. Гуляман ба идораи радиои вилоят гузашт. Кор дар радио хеле шавқовар ва бобарор буд.

“Дар журналистика агар шавқ набошад, инсон ба дунёи он ворид нашуда, дилсард мешавад. Дар аввал ба бисёр мушкилиҳо дучор мегаштам, вале бо мурури замон шомили армияи бузурги журналистӣ шудам. Боре ба ман гуфтанд, ки аз як фермаи гӯсфандпарварӣ гузориш омода намоям. Ба ферма рафта, 20 дақиқа бо диктафон овози гӯсфандонро сабт кардам. Вақти бозгашт дидам, ки овоз сабт нашудааст. Сахт тарсида, ба назди раис рафтам. Гуфтам, ки овоз сабт нашудааст, агар иҷозат бошад, овозро аз гузоришҳои пешина гирам. Раис бо қатъият инро рад карда гуфт, ки аз нав рафта, сабт кунам. Худи ҳамон рӯз ман барои сабт нашудани овози барраҳо “выговор”  гирифтам,”-нақл мекунад бону.  

Соли 1977 Гуляман Алиёроваро ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба Институти бозомӯзии касбии коркунони радио ва телевизион фиристодаанд. Аз ин даргоҳ ӯ маҳорати хуби кор дар радио, рӯзноманигорӣ ва телевизионро омӯхт. Ӯ дар касби худ яке аз онҳое аст, ки ҷойгузин надорад.

Қаҳрамони мо он ақидаро дорад, ки журналистони он замона ҷуръати зиёд доштаанд. Ӯ мегӯяд “матбуоти он замон хати тиллоии Ҳукумат буд. Қалами журналистон қадр дошт. Онҳо ҷасорат доштаанд. Имрӯз журналистика баъд аз пайдо шудани интернет мисли пеш мавқеъ надорад.”

 Гуляман Алиёрова фаъолияти минбаъдаи рӯзноманигории худро дар Ҷамъияти дӯстдорони китоби шаҳри Хоруғ ба ҳайси котиби масъул, баъдан дар рӯзномаи «Коммунисти Шуғнон», рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» ва идораи телевизиони Бадахшон идома додааст. Ӯ эҷодкори асил аст. Дар кору фаъолияташ боварӣ ба фардо ӯро ҳамсафар буд. Ҳатто дар шеърнависӣ ва латифагӯӣ ҳам санҷиши қалам намудааст.

Алиёрова мегӯяд, ӯ ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сафар кардааст. Ҳамкурсонаш барояш ҳамчун хоҳару додар ва беҳтарин рафиқони умрашанд. Ҳанӯз ҳам хотироти бо онҳо доштаашро ба ёд меорад.

Ҳар қадаре одам бузург шавад, хотираҳояшро бештар ба ёд меорад. Алиёрова бо гузашти солҳо ҳанӯз ҳам бо ҳамкурсонаш рафту омад дорад ва барои онҳое, ки дигар дар байнашон нестанд, ашк мерезад. Ӯ ҳоло ба синни мубораки 76 расидаасту соҳиби чандин набераву абера аст.                            

 Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *