Гумонбар дар ҷиноят аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд
Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро, ки аз соли 2016 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи вилояти Қӯрғони Русия, ин мард дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар ин вилоят дастгир шудааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ворид кардани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон айбдор мешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, вай ба сар ва бадани як нафар бо хишт задааст.
Гумонбар дар содир кардани ҷиноятро ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ба ҷониби Тоҷикистон таслим карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ