Гумонбар дар марги хонандаи мактаб котибаи директор будааст (аудио)
Мадинаи Аҳмад, ки дар пайи марги ноболиғ ва хонандаи мактаб Зиёдулло Розиқов бо гумонбарӣ дар боздошт қарор дорад, 27-сола ва котибаи директор будааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ хонандаи мактабро бо як бераҳмии махсус латукӯб кардаву ба ҳалокат расонидааст.
Бино ба иттилои мақомоти милитсияи вилояти Хатлон, кормандони милитсия зодаи ноҳияи Кӯшониён, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар Мадинаи Аҳмад, соли таваллудаш 1995, котибаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтарро бо гумони қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси марги хурдсол Розиқов Зиёдулло, соли таваллудаш 2013, зодаи ноҳияи Данғара, муваққатан истиқоматкунандаи суроғаи дар боло зикршуда, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Бохтар гаштааст, дастгир намудаанд.
“Санаи 27-уми майи соли равон Мадинаи Аҳмад дар манзили истиқоматии ба иҷора гирифтааш бо гумони аз дохили ҳамёнаш бе иҷозат гирифтани 200 сомонӣ ба ғазаб омада, хурдсол Розиқов Зиёдуллоро бо истифода аз як адад миёнбанди мардона бо бераҳмии махсус латукӯб менамояд. Дар натиҷа марҳум ба саломатияш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”,- иттилоъ медиҳад мақомоти милитсияи вилояти Хатлон.
Дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки сабаби бо ҳамроҳии гумонбар Мадинаи Аҳмад истиқомат намудани марҳум Розиқов З. хоҳиши тағои марҳум ва шавҳаршавандаи гумонбар Мадинаи Аҳмад мебошад, ки аз соли 2021 ин ҷониб дар манзили иҷоравии дар боло зикршуда якҷо истиқомат мекарданд.
Ҳоло нисбат ба Мадинаи Аҳмад парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ