Гумонбар дар тилодуздӣ дастгир шуд! Ӯ ноболиғи 15-сола будааст
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз рух додани ҳодисаи дуздие хабар дод, ки гумонбари он ноболиғи 15-сола будааст.
— Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 39-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, тахминан соати 14:15 дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тилоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ