Гумонбар пас аз як сол боздошт шуд

Шуҳрат Шамсиддинов, корманди собиқи ШВКД ноҳияи Ашт ва шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири РВКД Суғд, ки як сол боз дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар ҳудуди вилояти Бодканди Қирғизистон дастгир шудааст.

Шамсиддинов, ки худ зода ва сокини ҷамоати бо Бодканд ҳаммарзи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, ин ҳама муддат дар қаламрави кишвари ҳамсоя дар як хона пинҳон будааст.

Ба зидди Шамсиддинов алакай бар асоси моддаи 143-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми шиканҷаи боздоштшудагон ва расондан ба худкушӣ айбнома эълон кардаанд. Ӯ аз ҷумлаи он кормандони мақомот аст, ки ба шиканҷа додан ва ба худкушӣ расондани Комил Хоҷаназаров, як узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар ноҳияи Ашт айбдор мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *