Гумонбарро кофтукоб доранд

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан як занро ҳамчун гумонбар дар қазияи гум шудани Ганҷина Қаюмоваи 9-сола, ки аз рӯзи 25 август бедарак шудааст, таҳти кофтуков қарор дода, аз мардум барои муайян кардани шахсияти ин зан кумак хост.

Наздикони Ганҷина мегӯянд, ин зан рӯзи гум шудани Ганҷина аз паси ӯ мепоид ва чанд дафъа дар дурбини камераҳои назоратӣ афтодааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан бо нашри як эълон аз мардум хостаанд, то дар ҷустуҷӯи як зане, ки аксаш низ нашр шудааст, ба мақомот кумак кунанд.

Дар ин эълон гуфта мешавад: «ШВКДи ҶТ дар ш. Истаравшан аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки барои муайян кардани шахсияти дар акс буда мусоидат намоед. Эҳтимол меравад, ки зани дар акс буда дар ҷинояти беномунишон гаштани хурдсол Қаюмова Ганҷина Ӯктамовна, санаи таваллудаш 30.06.2008, сокини ш. Истаравшан, деҳаи Найман, ки ба ш. Истаравшан ба қайд гирифта, гумонбар дониста мешавад.

Нафароне ки дар бораи шахсияти ин зан маълумот доранд, бо рақамҳои телефони: 98-856-78-78, 92-642-02-00, 92-856-78-78, 93-938-99-99, ШВКД ш. Истаравшан хабар диҳед.”


Ганҷина Қаюмоваи 9-сола рӯзи 25 август аз дарди шикам шикоят дошт ва падараш ӯро ба беморхона бурд. Баъди муоинаи духтур падару духтар ба бозори марказии шаҳри Истаравшан меоянд ва Ӯктамҷон Қаюмов харид карда, ба Ганҷина додааст, ки ба хона равад. Аммо Ганҷина баъди аз бозор баромадан гум шуд. Бори охирин Ганҷина Қаюмова соати 15:20-и рӯзи 25 август дар камераи назоратии бозори Истаравшан сабт шудааст. Баъди ин касе дигар ӯро надидааст.

Абдуазиз Қаюмов, амаки Ганҷина рӯзи 28 ноябар дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт: «Имрӯз инак се моҳу се рӯз мешавад, ки ягон дараке аз Ганҷина нест. Ҳамаҷоро ҷустуҷӯ кардем. На Истаравшан монду на Душанбе. Додарам имрӯз ба Қазоқистон рафт, ки шояд дараке аз Ганҷина пайдо кунад. Мо умедамонро аз даст надодаем ва то охир Ганҷинаро ҷустуҷӯ мекунем.”

Абдуазиз Қаюмов гуфт, зане ки мақомоти Истаравшан ҷустуҷӯ мекунанд, метавонад билохира изи куҷо гум шудани Ганҷинаро маълум кунад: «Ҳамон рӯзи гум шудани Ганҷина, яъне 25 август, ин зан чанд маротиба дар камераҳои назоратӣ афтодааст. Чунин бармеояд, ки ин зан махсус аз қафои Ганҷина мепоид ва ҳатто аз пасаш то бемористон рафтааст. Вале то имрӯз тафтишот натавонистааст шахсияти ин занро маълум кунад. Умедворем, ки баъди дар матбуот чоп шудани аксаш шахсияти ин зан ба мақомот маълум шавад ва мо ҳам Ганҷинаамонро пайдо кунем.”

Наздикони Ганҷина Қаюмова қаблан жълон карда буданд, ки касе Ганҷинаро биёбад, барояш дар шаҳри Истаравшан як хонаи дуҳуҷрагӣ тӯҳфа хоҳанд кард. Абдуазиз Қаюмов гуфт, ки онҳо ба ин ваъдаи худ пойбанд ҳастанд: «Ҳар касе ки дар ёфтани Ганҷинаи мо кумак кунад, барояш дар шаҳри Истаравшан як хонаи дуҳуҷрагӣ тӯҳфа мекунем.”

АКСҲОИ ГАНҶИНА ҚАЮМОВА:

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *