Гумроҳон» дар Театри ҷавонон
…Модар тани танҳо се писар – Меҳрубон, Раҳмиддин ва Бахтиёрро ба воя мерасонад. Падар кайҳо майхора шуда, оиларо раҳо кардааст. Зан бо вуҷуди пириву заифӣ дар бозор майдафурӯшӣ мекунад.
Чун оила носолим асту ягона тарбиятгар — модар дар пайи ёфтани қути лоямут мебошад, фарзандон аз тарбияи зарурӣ канор мемонанд. Писари хурдӣ Бахтиёр ҳанӯз мактабхон аст, аммо ҳамеша масту аласт мегардад ва пулҳои бо азоб пайдокардаи модарро медуздад. Раҳмиддин бошад, ба доми намояндаи Давлати исломӣ меафтад ва дар як муддати кӯтоҳ комилан тағйир ёфта, билохира ба Сурия меравад.
Ягона фарзанди дилсӯзи модар Меҳрубон ба бемории сил гирифтор шуда, умедашро аз ҷаҳон кандааст ва ба ҳамсараш бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунад. Билохира ҳамсараш Гуландом баромада меравад.
Фоҷеаи чунин як хонавода муҳтавои асосии спектакли «Гумроҳон»-и Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро ташкил медиҳад. Спектакл аз рӯйи асари ҳунарпешаи ҷавони ин театр Далер Мирхонов таҳия шуда, онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бердӣ Мингбоев ба саҳна гузоштааст.
«Гумроҳон» нахустин асари саҳнавии Далер Мирхонов аст.
«Воқеаҳои асар аз ҳаёти имрӯзиёни мо гирифта шудаанд. Пӯшида нест, ки солҳои охир яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи мо пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ мебошад, бинобар ин, ман кӯшиш кардам даҳшати ин воқеаи нангинро дар саҳна нишон диҳам. Ҷавонони мо бояд дарк кунанд, ки оқибати ҷангу фитна ҷуз даҳшату марг чизе нест»,- мегӯяд Далер Мирхонов.
«Театр ба чунин асарҳои замонавӣ ниёз дорад. Мо чанд соли охир аз драматургҳо хоҳиш намудем, ки дар ин мавзӯъ – яъне, бо роҳи фиреб пайвастани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундгаро асар нависанд, аммо касе ҷуръат накард, ки ба ин мавзӯъ даст занад. Билохира, корманди худамон Далер Мирхонов ин масъулиятро ба дӯш гирифт ва нахустин асари драматургии худро дар ин мавзӯъ эҷод кард»,- мегӯяд, Толиб Бобоев, директори Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов.
Дар намоишнома нақши Модарро актрисаи ҷавони театр Зарина Бадалова бозӣ мекунад. Зарина солҳои охир яке аз актрисаҳои пешбари Театри ҷавонон буда, қариб дар ҳамаи жанрҳо нақш бозидааст, аммо иҷрои образи пиразани 60- сола, ба гумонам, барои худи вай ҳам имтиҳони ҷиддӣ буд, бинобар ин, дар ибтидои спектакл ӯ натавонист зуд вориди нақш шавад. Аз лиҳози пластика ва овоз ҷавон будани ӯ ҳар лаҳза эҳсос мешуд, махсусан вақте бо писари гумроҳаш Раҳмиддин, ки фанати дин шуда, аллакай ба доми намояндаи Давлати исломӣ афтодааст, баҳсу мунозира мекард. Аммо вақте писари охираш Диловар маст вориди ҳавлӣ шуда, баъдан пулҳояшро дуздид, ӯ ҳаққонӣ ба образ ворид шуд ва нақши худро хеле моҳирона иҷро кард. Монологҳои ҷудогонаи ӯ дар спектакл хеле муассир баромаданд.
Шокири Зоиршо, ки нақши Раҳмиддинро иҷро кард, дар ибтидои спектакл хеле муассир бозӣ кард. Махсусан зимни суҳбат бо намояндаи Давлати Исломӣ (дар нақш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бердӣ Мингбоев) ва баҳсу хархашааш бо модар. Дар ин ду лаҳза Шокир нақшро бозӣ не, балки меофарид, характер месохт, аммо баъдан ба эҳсосот дода шуда, хеле ба фалш роҳ дод. Дар баъзе ҳолатҳо фақат сенарияро баланд- баланд қироат карду халос.
Диловар Неъматов бошад, мисли ҳамеша нақши ҷавони бетарбия ва бесар – Бахтиёрро офарид. Иҷрои ин гуна нақшҳо ба Диловар аллакай маъмулӣ шудааст ва ӯ хеле моҳирона онро иҷро мекунад. Аммо маҳдуд кардани чунин як актёр фақат дар нақшҳои ҳамсон хуб нест. Режиссёрон бояд маҳорати ӯро дар дигар жанрҳо бисанҷанд.
Нақши келин – Гуландом, ки актриса Саёҳат Боева онро иҷро кардааст, хеле маъмулӣ баромадааст. Саёҳат аллакай актрисаи пухтарасида аст ва бояд дар хурдтарин нақши худ характер нишон диҳад, то дар хотири хонанда боқӣ монад.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бердӣ Мингбоев, ки режиссёр ва рассоми ин спектакл аст, дар ин намоиш нақши эпизодии намояндаи Давлати исломиро бозидааст ва ин нақш хеле ҷолибу хотирмон баромадааст.
Табиист, ки «Гумроҳон» орӣ аз камбудӣ нест. Забони асар ҷо-ҷо лакнат дорад. Баъзе ҷумлаҳо шиорӣ ва бетаъсир баромадаанд. Драматизми асар ҳанӯз ба ҳадди зарурӣ нест. Дар банду баст баъзе бенизомиҳо ҷой дорад ва ғайра, ки онро фақат мутахассисон дарк мекунанд.
Албатта, бисёре аз мутахассисон шояд будани намоишномаҳои рӯзмарраро дар саҳнаи театр хуш надоранд, махсусан спектакле, ки дар он аз ҷанбаи бадеӣ ва фалсафӣ дида, ҷанбаи публитсистӣ оммавӣ бештар бошад. Аммо мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳамаи воситаҳои таъсиррасонӣ бояд бар зидди бадиву зулмот мубориза баранд, махсусан театр.
Театри тоҷик, ки солҳои охир аз набудани тамошобин танқисӣ мекашад, ба чунин спектаклҳо ниёз дорад. Ин гуна спектаклҳои рӯзмарра ва замонавӣ тамошобинро, махсусан тамошобини ҷавонро ба театр ҷалб мекунад.
Паёми спектакли «Гумроҳон»-и Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, ки мо – аҳли эҷоди ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» онро тамошо кардем ин аст, ки ҷавонон кӯр-кӯрона ба даст силоҳ гирифта, ба гурӯҳҳои мухталиф пайваст нашаванд, балки дар пайи якпорчагии Ватани хеш кӯшанду ба модару оилаи худ асо бошанд.
«Поёни шаби сияҳ сафед аст»,- мегӯяд халқ. Далер Мирхонов фарҷоми фоҷеи худро фоҷеавӣ накардааст. Гарчанде Раҳмиддин ва Бахтиёр дар Сурия фавтиданд, он шабу рӯз дар хонаи онҳо ду тифл ба дунё омад, ҳамсари Меҳрубон – Гуландом дугоник таваллуд кард. Садои кӯдак садои сулҳу оромиш ва осудагиву рӯшноӣ аст. Садои Ҳасану Ҳусейн хонаи модари гумроҳонро равшан кард…
Бигзор дар фазо ҳамеша садои тифл бошаду театри тоҷик қуллаҳои нав ба навро фатҳ кунад.
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ