Гумрук 15-ҳазор шиша арқи қалбакиро мусодира кард

Мақомоти гумрук ва амнияти шаҳри Душанбе дар ҷараёни як амалиёт дар як корхонаи шаробсозӣ беш аз 15 000 шишаи арақу коняки қалбакӣ ва беш аз 5 тонна спирти пастсифатро кашф ва мусодира кардаанд.

Кумитаи гумруки Тоҷикистон мудири кулли ширкати «Кишвар-2010” Зарифи Маҳмадшарифро ба содир кардани ҷиноят айбдор карда, гуфтааст, ин соҳибкор дидаю дониста маҳсулотеро, ки «ба талаботи бехатарӣ барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ намебошад,ба фурӯш мебаровард.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Кумитаи гумрук, маъмурони гумруки шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо кормандони додситонӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 8 декабр дар ҷараёни як амалиёт дар корхонаи шаробсозии ширкати «Кишвар-2010”, воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев, беш аз 15 000 шиша арақҳои қалбакӣ ва беш аз 5 000 литр спирти пастсифатро кашф ва мусодира кардаанд.

Кумитаи гумрук мегӯяд, мудири кулли «Кишвар-2010” Зарифи Маҳмадшариф «бо мақсади фоидаи калони пулӣ ба даст овардан, саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро мадди назар намуда, бо мақсади пеш аз соли нави мелодӣ ба шаҳрвандон фурӯхтани машруботҳои спиртии гуногунтамға, бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии кормандони ҶДММ «Кишвар-2010» ва дигарон, дар аввалхои моҳи декабри соли 2016 дар дохили корхонаи истеҳсоли машруботҳои спиртии ҶДММ «Кишвар- 2010», вокеъ дар кӯчаи Р.Набиев-212А шаҳри Душанбе дар шароити ғайрисанитарӣ ва бе риояи дигар талаботҳои муқарраргашта ба микдори махсусан калон машруботҳои спиртии намуди арақхо ва конякҳои гуногунтамғаю гуногун ғунҷоиш дар ҳаҷми зиёда аз 15 000 ададро дар зарфхои шишагӣ (бутылка), пластмассӣ (боклашка) ва ғайра, ки ба стандартҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бо мақсади минбаъд ба фурӯш гузоштан ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудан истехсол намуда, онҳоро дар анборҳои ширкат нигоҳ медоранд.

Дафтари матбуоти Кумитаи гумрук мегӯяд, дар ҷараёни амалиёти рӯзи 8 декабр аз корхонаи шаробсозии ширкати «Кишвар -2010” арақҳои тамғаи «Вайбер», «Кишвар», «Хӯшаи гандум», «Тоҷикистон кишвари ман», «Мирная водка», «Зелённый газон», «Секрет фирмы», «Дедушкин запас», «Гандумӣ», «Элит», «Тоҷикистон асрина», «Чистая проба», «Столичная», «Хлебная слеза», «Ашки гандум», «Сарез» ва конякҳои тамғаи «Кремлин», «Белый аист», «Кишвар», «Чёрный элексир», «Чёрный аист», «Жемчуг», «Столичная», дар маҷмӯъ беш аз 15 000 шиша мусодира шуд. Мақомот ҳамчунин аз амборҳои корхона беш аз 5000 литр машруботи спиртии тайёршударо, ки дар зарфҳои махсуси калонҳаҷм нигоҳ дошта мешуданд, мусодира кардаанд.

Ташхиси коршиносони идораи Тоҷикстандарт маълум кардааст, ки ин машруботи пастсифати мусодирашуда дар корхона ва амборҳои ширкати «Кишвар-2010” ҷавобгӯи меъёрҳои стандарти давлатӣ нестанд ва «истеъмоли онҳо ба саломатии инсон хатарнок мебошанд.

Хадамоти гумрук мегӯяд, дар робита ба ин қазия бар асоси моддаҳои 209 ва 294-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кардаанд. Моддаи 209 барои тавлиду фурӯш ва нигоҳ доштани маҳсулоти сифаташ паст ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 200 то 500 нишондиҳанда ва то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Моддаи 294 барои фиреби истеъмолгарон ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *