Гумрукчиён дар Хуҷанд  3000000 рублро доштанд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дод, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд Пӯлотов Фирдавс Додарҷонов ном мусофире, ки ба шаҳри Екатеринбург парвоз мекард, бо иттиҳоми қочоқи 3 миллион рубли русӣ дастгир шудааст.

Пӯлотов ин маблағи муодили қариб 44 ҳазор долларро дар як миёнбанди худсохт пинҳон карда буд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, тибқи маълумотҳои оперативӣ дар хатсайри №2956 самти «Хуҷанд-Екатеринбург» дар минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳи байналмилалии «Хуҷанд» мусофир Пӯлотов Фирдавс Даврончонович аз муоинаи шахсӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа аз бадани шаҳрванд Пӯлотов Ф.Д. миёнбанди худсоз ошкор ва дарёфт гардид, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумӣ 3 000 000 (се миллион) рубли Бонки Давлатии Федератсияи Россия дарёфт карда гирифта шуд.

Номбурда ин миқдор маблағро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Пӯлотов Фирдавс Даврончонович бо моддаҳои 32 қ 3 — 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти Суғд фиристода шуд.

Тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд маблағи баробари то 3 ҳазор доллари амрикоиро бидуни мамониат ба хориҷ бубаранд. Маблағи аз 3 ҳазор то 10 ҳазор долларро шаҳрвандон бояд дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ё дар хатти марз эъломияи гумрукӣ карда, ба маъмурони гумрук нишон диҳанд. Барои ба хориҷ бурдани маблағи аз 10 ҳазор доллар бештар шаҳрвандон бояд аз бонкҳо иҷозатнома дошта бошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *