Гумруки Озарбойҷон тоҷикистониро бо 141 килову 156 грамм героин боздошт
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳаҷми калони маводи мухаддири сахттаъсири героин дар марзи гумрукии Озарбойҷон дастгир шудааст.
Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, охири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш тариқи дастгоҳи рентгенӣ дар пинҳонгоҳи он 141 килову 156 грамм маводи нашъаовари героин дарёфт шудааст. Автомашина таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадин Исмоилов қарор дошта, аз Эрон ба Озарбойҷон ворид шуданӣ будааст.
Тибқи иттилоъи расонаҳо, ҳангоми бозпурсиҳои нахуст ронандаи воситаи нақлиёт, шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, бо транзит тариқи Озарбойҷон ба Гурҷистон рафтанӣ будааст. Айни замон аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ