Гумшудаҳои Исфараро аз Ваҳдат ёфтанд
Ду духтари мактабхонеро, ки охири ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара нопадид шуда буданд, дар шаҳри Ваҳдат ёфтанд.
Мадина Абдулҳодизода ва Раҳима Аҳлиддинзода, дар синфи ҳаштуми мактаби деҳаи Холисони ҷамоати Чоркӯҳ мехонанд. Баъзе аз хешовандонашон гуфтанд, ки онҳо рӯзи 10-уми феврал ҳангоми мактабравӣ нопадид шуданд.
Гурӯҳи зудамали Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат пас аз чаҳор рӯз онҳоро дар наздикии пойтахт пайдо кард ва 14-уми феврал ба дасти волидонашон супурд. Як масъули Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтааст,ки Мадина ва Раҳима дар баёноти худ зикр кардаанд, ки гӯиё онҳоро афроди ношинос ба мошин савор карда, то Ваҳдат овардаанд.
Аммо ҷузъиёти чӣ гуна аз як деҳаи дурдасти Исфара то шаҳри Ваҳдат расидани онҳо дар даст нест. Ҳамчунин рӯшан нест, афроде, ки онҳоро то Ваҳдат расондаанд, кӣ ҳастанд. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат низ гуфтанд, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад ва ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни кор аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунанд.
Мақомоти умури дохилии Исфара рӯзи чаҳоршанбе бедарак шудани ду талабаи мактаби рақами 65-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тасдиқ карданд. Аммо онҳо низ масъалаи чигуна «бедарак» шудани ин талабаҳоро шарҳ надоданд.
Тавре дар Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат гуфтаанд, ҳар ду талабаи мактаб сиҳату саломат ба волидонашон супурда шуданд. Вале тафтишоти ҳодисаи чи гуна нопадид шудани Мадина Абдулҳодизода ва Раҳима Аҳлиддинзода, талабаҳои мактаби ҷамоати Чоркӯҳ ва пайдо шудани онҳо дар наздикии Душанбе идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ