Гурғулихонро ба ҷойи дастгирӣ ба шатта меронанд (Видео)
Рӯзе аз назди гузаргоҳи бозори Саховат мегузаштам, ки садои гурғулиро шунидам. Чун наздик шудам марди нурониеро дидам, ки бо як лаҳни зебо гурғулӣ мехонд.
Он мард Ислом Наҷмиддинов ном доштааст. Ҳарчанд бобои Ислом 83 сол дорад ва соҳиби ҳашт фарзанд аст, мушкилоти зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, то дар гузаргоҳҳои пойтахт гурғулӣ сарояд.
Ӯ яке аз охирин сарояндаҳои ин эпоси халқист ва барои дарёфти қути лоямут водор кардааст ба сармову гармо ва таҳқиру озор нигоҳ накарда кор кунад.
Орзуи ягонаи бобои Ислом ин аст, ки иҷозатнома бигирад, то ки бидуни монеа дар хиёбонҳо навозандагиву сарояндагӣ кунад.
Бояд зикр намуд, ки гурғулӣ моли адабиёти шифоҳии тоҷикии дарист ва яке аз жанрҳои адабиву мардумии мо аст. Ин осори гаронмояи шифоҳӣ бештар аз 28.000 мисраъро дар бар гирифтааст.
Мутаассифона имрӯзҳо теъдоди гӯрғулихонҳо дар кишвар хеле коҳиш ёфтааст ва нафароне, ки мондаанд аз 70 , 80 ва 90 сол беш доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ