Гурбаҳоро нест карданд, Ишқобод аз мушу каламуш пур шуд

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, рӯзҳои ахир дар маркази шаҳри Ишқобод, бахусус дар роҳу биноҳои истиқоматӣ ва қабристонҳои шаҳрӣ мушу каламуш зиёд шудааст.

«Шиносҳои ман аз маҳаллаи Яшлиқ ба воситаи Аннау зуд-зуд ба Ишқобод мераванд. Онҳо мегӯянд, дар як бори рафтани худ тақрибан 20 бор шоҳиди гузаштани муш ва каламушҳо аз роҳ мешаванд», — изҳор дошт хабарнигор.

Ҳамсуҳбати радио аз Ишқобод гуфт, сабаби асосии афзоиши мушу каламушҳо саривақт анҷом нашудани корҳои санитарӣ ва маҳви гурбаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо аст.

«Пештар дору мепошиданд. Ҳоло мегӯянд, Идораи санитарию эпидемиологӣ дору надорад. Бар замми ин, гурбаҳоро на танҳо дар Ишқобод, балки дар тамоми вилояти Ахал низ маҳв мекунанд», — афзуд ӯ.

Талошҳои мо барои дарёфти назари расмии Вазорати тандурустӣ дар ин замина, ки яке аз идораҳои тобеи он масъули вазъи санитарию эпидемиологии ин кишвар аст, натиҷа надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *