Гурдадардед? Чойкаҳак ва пӯпаки ҷуворӣ давои шумост!

47-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Чанд сол боз аз бемории пиелонефрит азият мекашам. Бо саршавии фасли баҳор бемориам аз нав авҷ гирифтааст ва гурдаҳоям дард карда меистанд. Ростӣ, аз гирифтани сӯзандорӯ ва хӯрдани ҳабҳои гуногун ба ҷон расидаам. Мегӯянд, ки дарди гударо бо алаф ва гиёҳҳо низ табобат кардан имкон дорад. Шумо ба ман чӣ тавсия медиҳед?

ГУЛНИГОР, аз маҳаллаи Зарафшони пойтахт

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

— Илтиҳоби гурда бар асари гузаштани микробҳо аз узвҳои ҳампаҳлу, хоса аз рӯда ба гурдаҳо сар мезанад. Микробҳо дар гурда таҳшин мешаванд ва дар ҷое, ки микроб ҷой мегирад, газак ба вуҷуд меояд. Илтиҳоб, яъне пиелонефритро сари вақт табобат накунанд, беморӣ куҳна шуда, метавонад касро ба оқибатҳои ногувор, аз ҷумла ба норасоии гурда мубтало созад. Якчанд гиёҳҳое мавҷуданд, ки иллатҳои гурдаро даво мебахшанд. Аз ҷумла, гиёҳи ҳамешабаҳор (календула), чойкаҳак (зверабой), мармарак (шалфей), риш ё пӯпаки ҷуворӣ, раҳдавак, тухми зағир, ҷағ-ҷағ барои гурда доруи бебаҳоянд. Ду-се номгӯйи ин гиёҳҳоро аз дорухонаҳо дастрас намуда, дар ним литр оби ҷӯшомада дам партоеду баъдан аз дока полонда, ҳар рӯз се маротиба пеш аз хӯрок тақрибан 50-граммӣ бинӯшед, газаки гурдаро даво мебахшад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *