Гурезаҳо аз тарси Толибон: дар масҷидҳо пинҳон шудаанд…

Мардуми гурезаи Қандаҳори Афғонистон аз тасри ҷону зулми Толибон маҷбуранд манзилҳои зисти худро тарк кунанд. Зеро ҳамлаи Толибон то ба ҳол идома дорад ва сокинони ба ваҳшатзада аз тарси онҳо дар масҷидҳо паноҳ мебаранд.

Рӯз то рӯз сафи гурезаҳои афғон ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Онҳо аз тарси ҳамлаву зулми Толибон ба ҳар сӯ роҳи гурезро пеш мегиранд.
Дар акс сокинони Қандаҳори Афғонистон ҳастанд, ки маҷбур шудаанд хонаҳои худро тарк намуда дар масҷидҳо паноҳ бибаранд.
Миёни гурезагон кӯдакони гаҳвора низ ҳаст.

Ҷангиёни ҳаракати Толибон чанд рӯзи пеш иддао намудаанд, ки 85 фисади қаламрави Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд. Аммо ҳукуматдорон ин маълуморо дуруғ хонда, як рӯзи пеш эълон намудаанд, тамоми минтақаҳое, ки Толибон қаблан забт карда буданд, бозпас гирифтанд.

Ин иттиллоро хонда намедонӣ ба кадомаш бовар кунӣ. Яке аз пирӯзӣ ва забткориҳояш мегӯяду дигаре онро рад месозад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *