Гурезаҳо боси нигаронии СААД шудаанд

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар аз вазъи мушкил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.

Станислав Зас дабири кулли СААД дар бораи ҷо доштани хатари эҳтимолии гурезагон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт.

Дар паёми интишор додаи ин созмон, Станислав Зас аз хатари вуруди созмонҳои байналмилалии террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

«Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва шариконаш аз Афғонистон, вазъ дар ин кишвар ба таври назаррас бад шуд. Ин кишвар бо ҳам бештар ба бетартибиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Эҳтимоли хатари вуруди густардаи паноҳандагон ба қаламрави Тоҷикистони ҳамсоя ва воридшавии ашхоси вобаста ба созмонҳои террористӣ вуҷуд дорад», — гуфт Зас ҳангоми сафари худ ба Арманистон.
Станислав Зас ҳамчунин гуфт, ки СААД вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат дорад.

Хотир расон менаоем, ки дар Тоҷикистон барои гурезагон урдугоҳҳои махсус сохта мешаванд. Дар ояндаи наздик дар Кушониен ва Хоруғ ду анбор кушода мешавад, ки дар онҳо хаймаҳо, бистарҳо, маҳсулоти гигиенӣ ва ғизо захира карда мешаванд.

Шояд то андозае ин гуфтаҳо боиси нигаронӣ бошад, вале аминем, ки кишвари Тоҷикистон, мақомоти вобасташуда ҳар як гурезаи ворид шударо хуб месанҷад, меомӯзад ва баъдан вайро дар сарзамини худаш ҷой медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *