Гургҳои бегона, чаро онҳо ба Тоҷикистон меоянд?
Сокинони деҳоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба ҳамлаи гургҳое рӯ ба рӯ шудаанд, ки нисбат ба гургҳои маҳаллӣ бузургтар буда, дар рӯзи рӯшан ба чарогоҳ ва оғилҳои мардум ҳуҷум мекунанд, гуфтааст радиои “Озодӣ”.
Ислом Шарифбеков, сокини яке аз рустоҳои ноҳияи Ишкошим, рӯзи 1 август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, гургҳои гурусна то ҳол чанд гӯсфанд, гову гӯсола ва ҳатто саги ӯро нобуд кардаанд. «Аҷибии ин гургон дар он аст, ки аз одам наметарсанд ва ҳеҷ доду фарёд ва сангзании мардум таъсир намекунад. Ин гургҳо аз назди замин ва чарогоҳ ба чорвоён ҳамла мекунанд. Аллакай дар ду моҳи охир сокинони деҳа наздик ба 70 сар чорвояшонро аз даст додаанд,» – мегӯяд ин сокини Бадахшон.
Ислом Шарифбеков афзуд, ин даррандаҳо одатан дар фасли зимистон ба гову моли мардум ҳуҷум мекарданд, вале ӯ то ҳол чунин рафтори «берӯёнаи» гургҳоро шоҳид нашуда буд. Гургҳои гурусна ба гову моли мардум зарари зиёд расонда, ба гуфтаи Ислом Шарифбеков, дар ду моҳи охир 20 саги деҳа ва ҳатто харҳо ҳам туъмаи гургон шудаанд. «Мардум ба танҳоӣ наметавонад ба ҳайвонҳои дарранда сар ба сар шавад,» – гуфт ин сокини Бадахшон.
Масъулони Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мегӯянд, эҳтимол сокинони Бадахшон бо гургҳои муғулӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ки аз тариқи Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаштаанд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ин навъи гургон, воқеан, аз гургони маҳаллӣ бо ҷисми бузурги сермӯ, чолокӣ, нотарсӣ ва даррандагияшон фарқ мекунанд.
Убайдулло Акрамов, муовини сардори муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи ин Оҷонсӣ, рӯзи 1 август ба Озодӣ гуфт, гургҳои муғулӣ бинобар кам шудани бузи сибирӣ ва гӯсфанди архар дар Қирғизистон ба Тоҷикистон кӯчидаанд. “Азбаски гургони муғулӣ дар минтақаҳои даштиву нимадаштӣ ва марғзорӣ, ки масоҳати калон ва ҳамчунин ғизои зиёд дошт, афзоиш ёфта ҳукумронӣ мекарданд, дар минтақаи нав бо мушкили ғизо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо маҷбуранд, ки ба ҳуҷум гузаранд ва аз худ даррандагиву дағалӣ нишон диҳанд,” — мегӯяд, Убайдулло Акрамов.
Убайдулло Акрамов афзуд, тибқи баъзе маълумот то имрӯз 25 гурги муғулӣ ба Тоҷикистон кӯчидаанд, ки назар ба гургони маҳаллӣ ба сардиҳои зимистон тобоваранд. Аммо Абдуқодирхон Маскаев, роҳбари Шӯъбаи ҳифзи набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, ҳамлаи гургон ба рустоҳои аҳолинишин ба афзоиши онҳо бастагӣ надорад. Балки бунёд ёфтани деҳоти нав дар минтақаҳои дурдаст гургонро ба сокинон наздиктар кардааст.
Маскаев мегӯяд, ки афзоиши шумораи гургон то нимаи солҳои 60-уми гузашта мушоҳида мешуд, вале ҳоло дар ҳар деҳа тақрибан аз 3-4 гург бештар нест. «Онҳо аз гуруснагӣ ба молу хоҷагӣ ҳамла меоранд. Чунки мардум ба гургҳо “ҳамсарҳад” шудаанд,” — гуфт Маскаев.
Шикори гургҳо дар Тоҷикистон расман манъ аст ва бошандагони деҳоти кӯҳистон низ барои муқовимат бо онҳо силоҳ надоранд. Дар панҷ соли пеш кӯч бастани гургҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон мушоҳида шуда буд, ки низ шикояти зиёди сокинони ноҳияҳои ҳаммарз ба ин кишварро дар мавриди ҳамлаи ҳайвонҳои дарранда ба чорво ва ҳатто мардуми бумӣ дар пай дошт.
Масъулони Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон мегӯянд, ки имсол бар асоси шикояти мардуми ин минтақа ва раҳбарияти раёсати бозрасии давлатии ҳифзи муҳити зисти Бадахшон то кунун шаш гурги муғулӣ нобуд карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ