Гурги аз боғи ҳайвонот гурехтаро паронданд
Дар Қирғизистон гургеро, ки аз боғи ҳайвоноти шаҳри Қаракӯл фирор кард, паронданд. Ин хабарро раҳбари боғ Салтанат Сейитова расонаӣ кард.
Ӯ мегӯяд, кормандони боғ ҳарчанд тамоми тамошобинҳоро аз қоидаҳои бехатарӣ огаҳ мекунанд, вале бархе аз онҳо қоидаҳоро нодида мегиранд. «Рӯзи Иди ғалаба ба боғи ҳайвонот одами зиёде омада буд ва нафаре тӯри қафасро, ки дар он гург нигаҳдорӣ мешуд, буридааст. Дар натиҷа гург субҳи 9 май гурехт», — афзуд ӯ.
«Гургро дар наздикии боғи ҳайвонот ёфтанд ва зинда дастгир кардани он имкон надошт. Бинобар ин бо розигии мо онро паронданд. Албатта, мо аз ин хеле ғамгинем, вале озод будани ҳайвони ваҳшӣ хеле хатарнок аст ва мо низ чораи дигаре надоштем», — изҳор дошт Салтанат Сейитова.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ