Гурги одамхӯр дар Балҷувон

Ин даррандаи хокистарранг ба гову гӯсфандон коре надошт, вай фақат одам шикор карда ҷони 10 касро рабуд

Субҳидам садои ғалоғулаи баланди пуртаҳлука маро аз хоби ноз бедор кард. «Наздик нарав, мегазад,-фарёд мезад яке,-«Сагҳоро куш-куш кун» нидо мекард ҳамсояи дигарамон. “Аҷиб, чӣ ҳодиса рӯй дода бошад, ки мардум аз каллаи азон ин қадар доду вой карда истодаанд” гӯён, ҷомаамро сари китф партофта аз дарвоза баромадам. Чашмам ба як ҳайвони рангаш малла афтид, ки аз сари девор ба даруни ҳели молҳо парид. «Ҳа лаънатие, дилаш гӯшти барра хостааст» гуфта, ба ҷустуҷӯи таёқ афтидам, вале лаҳзае пас дарранда аз молхона дубора худро ба берун зада, ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳод. Сагҳо аф-афкунон ҷонвари хокистаррангро думболагирӣ намуданд, одамон ҳам аз қафои сагҳо ҳаё-ҳуйкунон медавиданд. Вақте ки аз деҳа баромада, ба Дашти Мазор расидем, рӯз равшан шуд ва ман дидам, ки боиси ин ҳама шурӯ валвала гург будааст. Гурги сафедтоби калон пеш-пеш медавиду сагҳо ва одамон ҳамоно ӯро таъқибкунон дар даст калтак аз пасаш медавиданд. Дарранда баъзан қафо гашта дандонҳояшро гиз мекард. Мехост ҳуҷум кунад, вале аз чӣ бошад, ки даҳонаш кушода намешуд. Гургро таъқибкунон мо то назди масҷиди деҳаи Дектури нав расидем. Аз афташ даррандаи хунхор сахт хаста шуд, ки якбора чапғалат дода ба тарафи дараи об гурехта рафт. Ҳамон рӯз қарибиҳои офтобшин хабар омад, ки гург ба деҳаи Тешкан, ба ҳавлии Қодир даромадааст. Амаки Қодир гумон мекунад дарранда аспи ӯро шикор карданист ва осемасар ба ҷустуҷӯи таёқ меафтад, вале гург аспро монда ба соҳибаш ҳуҷум мекунад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки гург аз банди дасти Қодир газида, ӯро кашолакунон ба куҷое бурдан мехостааст. Дар деҳаи дигар ин даррандаи одамхӯр як занро дар вақти говҷӯшиаш мегазаду ба ҳайвонот кордор нашуда баромада меравад. Фақат одамро шикор кардани ин гурги калони малла мардумро ба таҳлука оварда буд. Дар деҳаи Чӯҷабердӣ Пӯлод ном ҷавон, ки нав аз хизмати аскарӣ омада буд, ба сари гург ҳуҷум мекунад, вале гурги азимҷусса ӯро ҳам мегазад. Ҳамин тавр ин «шикорчӣ»-и бераҳм деҳа ба деҳа гашта одам шикор мекарду мардуми ваҳшатзада намедонистанд аз ин балои ногаҳонӣ дар куҷо паноҳ баранд.

Сокинони деҳаи Чордевор дастаҷамъона ба мубориза бархоста бо калтаку белу шохин ба гург ҳуҷум мекунанд. Гурги мондашуда худро ба як ҳавзи об мепартояд. Сокини ҳамин деҳа Амон аз фурсат истифода бурда, бо милтиқи шикорӣ гурги одамхӯрро мепарронад, баъд мардум чуқурӣ канда, даррандаи хунмастро гур мекунанд.

Аз ин ҳодисаи мудҳиш кормандони тандурустии ноҳия хабардор шуда омаданду гурги мурдаро бурда ташхис карданд ва хулоса бароварданд, ки гург девона будааст.

Одамони гург газидаро ба зери назорат гирифтанд, табобат карданд, лекин баъди чил рӯз ҳамааш вафот карданд. Аз ин ҳодиса зиёда аз 60 сол гузаштааст, вале имрӯз ман гурги одамхӯрро ба он хотир ба ёд овардам, ки дар баъзе деҳаҳои Куҳистон сагҳои дайдуи бесоҳиби бисёре ҳастанд, ки дар мазорҳо ё дар бешазор ҷой гирифта, чорвои майдаи мардумро мехӯранд ва ба сокинони деҳот зарар мерасонанд. Худо накарда ин сагҳо ҳам мисли ҳамон гург девона шаванд, ба одамон зарар расонда метавонанд. Аз ин рӯ, илоҷи воқеаро пас аз вуқуъ ҷуста, ин сагҳои дайдуро зери назорат гирифтан лозим аст.

Файзалӣ Шарифзода,

сокини деҳаи Зарнисор,

ноҳияи Балҷувон.

Р/С

Ин ҳодиса тобистони соли 1952 дар деҳаҳои Дектур, Тешкан, Чуҷабердӣ ва Чордевори ноҳияи Балҷувон рух дода буд.

Ҳоло деҳаҳои Тешкан, Чуҷабердӣ ва Чордевор арзи вуҷуд надоранд, номи деҳаи Дектур бошад, ба Зарнисор табдил дода шудааст. Сокинони се деҳаи болоро соли 1954 муҳоҷир карда ба ноҳияи Фархор бурданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *