Гуруҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон боз вохӯрданд. Филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” таҳия мешавад (аудио)
Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон Ӯзбекистон ҷиҳати амалисозии таҳияи филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои маъмурияти “Тоҷикфилм”, дар вохӯрӣ аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини якуми директор Ғайбуллозода Толиб, раиси Иттифоқи синамогарон Сафар Ҳақдодов ва дигар кормандону эҷодкорон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Ҷабборов (филмноманавис), Фурқат Усмонов (коргардон) ва Шоҳрух Расулов (барномасоз) иштироку суханронӣ кардаанд.
— То ин замон, дар ин самт аз ҳарду ҷониб гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуд ва таҳия, коркарду эҷоди филмнома мавриди корбарӣ қарор дорад. Миёни гуруҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳия ва омодасозии филмномаи филми муштараки ҳунарии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ду маротиба вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо доир ба зарурат, аҳамият, хусусияти вижа ва ғояи асосии филм табодули афкор сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.
Бояд гуфт, лоиҳаи муштараки синамоӣ дар робита ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ гардидааст, мавриди корбарӣ барои эҷоди филмнома миёни гуруҳҳои кории ҳар ду ҷониб қарор дошта, то ин дам дар ин самт консепсияи филм омода шуда ва Меморандуми ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба тасвиб расидааст.
— Зимни баргузории Шӯрои бадеии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуруҳҳои эҷодии ҳарду ҷониб муваззаф гардиданд, ки нусхаи пешнависи филмномаро (синопсис) бояд то 15-уми январи соли 2022 омода карда, барои баррасӣ ба Шӯрои бадеии ҳарду ҷониб пешниҳод намоянд. Аз ин рӯ, гуруҳҳои кории ҳарду ҷониб то 15-уми январи соли 2022 дар яке аз минтақаҳои истроҳатии Тоҷикистон нусхаи филмномаро омода хоҳанд намуд,- зикр мекунад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ