Гуруҳи нахустини зоирони тоҷик 20-уми июн сафар мекунанд (аудио)

Гуруҳи нахустини зоирони тоҷик 20-уми июн барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ мераванд ва баъди тақрибан як моҳи тавоф, рӯзи 17-уми июл ба ватан бармегарданд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Тоҷикистон, арзиши имсолаи сафари ҳаҷ тақрибан 61 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) ҳисоб шудааст, ки ин нисбат ба соли соли 2019 тақрибан 25 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Се сол пеш зоирони тоҷик бо пардохти 35 ҳазор сомонӣ (3 ҳазору 750 доллар) ба ҳаҷи фарзӣ мерафтанд.

Гуфта мешавад, ки афзоиши қимати ҳаҷ ба боло рафтани қимати як қатор хизматрасониҳо дар Арабистони Саудӣ марбут аст. Дар соли 2019 хидматрасонӣ дар Мино ва Арафот барои ҳар як зоир 236 доллар буд, аммо имсол кишвари мизбон бинобар ба эътибор гирифтани чораҳои ҷиддии беҳдоштӣ хароҷотро то 1424 доллар боло бурд. Илова бар ин, болоравии нархи сӯзишворӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ низ ба ин таъсир расонидааст.

— Имсол сокинони аз 40 то 65-солаи Тоҷикистон ба ҳаҷ рафта метавонанд. Аввалин касоне, ки бояд фиристода шаванд, шаҳрвандоне хоҳанд буд, ки дар соли 2019 бинобар маҳдудиятҳои коронавирус натавонистанд ба ҳаҷ раванд. Барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 квота ҷудо шудааст,- меафзояд манбаъ.

Тавре манбаъ ёдовар мешавад, имсол афроди то 65-сола, ки алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза дода мешаванд, ки ба зиёрати ҳаҷ раванд. Ҳоҷиёни хориҷӣ бояд натиҷаи манфии санҷиши COVID-19-ро на дертар аз 72 соат пеш аз сафар пешниҳод кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *