Гурусна ҳеҷ гоҳ шикоят намекунад! Ё вақте тоҷиконро ғуломвор кор мефармоянд

Соли гузашта қариб сад нафар тоҷикон барои кор ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон омада, дар ширкати сохтмонии туркон, ки “Умташ Иншаат” ном дошт, ба кор даромаданд. Лекин ширкат бо ягон нафари онҳо шартномаи меҳнатӣ набаст. Билохира, ин дарди сари муҳоҷирон шуд. Ман худ шоҳиди ин ҳодиса будам.

Ҷавонони тоҷик ҳам бепарво, бидуни ҳуҷҷат машғули кор шуданд. Чанд моҳи аввал онҳо маошашонро дар вақташ гирифта, дигар дар бораи бастани шартнома умуман фикр намекарданд. Баъд аз 2-3 моҳ ширкат маоши коргарони тоҷикро дертар медодагӣ шуд. Пас аз шаш-ҳафт моҳ бошад, коргарон барои маош аз қафои корфармоён давида мегаштагӣ шуданд. Сарварони ширкат пул додан ҳам намехостанд. Зеро медонистанд, ки гурусна ҳеҷ гоҳ шикоят намекунад. Агар шикоят кунад, ӯро зуд ронда, ба ҷояш нафари дигареро ба кор қабул намудан мумкин аст. Роҳбарони ширкат хуб медонистанд, ки ба ҷои ҳар як тоҷики рондаашон даҳ тоҷики дигар меёбанд, ки онҳо ҳам бе талаби шартномаву ҳаққу ҳуқуқи худ ба ҳама гуна кори вазнин розӣ мешаванд.

Ширкати сохтмонии “Умташ Иншаат” соли 1997 дар шаҳри Қазон таъсис дода шудааст. Дар он мутахассисони турк якҷоя бо муҳоҷирони тоҷик кор мекарданд. Соли гузашта, моҳи сентябр аз раёсати корҳои дохилии Тотористон барои тафтиш ба ин ширкат омаданд. Маълум гардид, ки тоҷикон дар ин ширкат ғуломвор, бидуни ҳуҷҷат кор мекардаанд.

Соли гузашта ширкат сохтмони коттеҷҳои зиёдеро ба уҳда гирифт. Барои иҷро намудани ин фармоиш қариб сад нафар ҷавони тоҷик ба Тотористон омаданд. Бале, ҷавонони тоҷик меҳнатқаринанд. Бо дастони пурэъҷози онҳо дар хиёбони Ғалабаи шаҳри Қазон бинои 9-ошёнае бунёд ёфт, ки бо зебоии худ назари ҳар бинандаро ба худ мекашад. Дар сохтмони ин бино бори аввал туркон маоши коргаронро баланд бардоштанд. Тӯли моҳҳои тобистон бинокрон маошашонро гирифтанд. Лекин фасли зимистон расиду ширкат додани маоши коргаронашро фаромӯш кард. Ҷавонон то фасли баҳор бо умед интизорӣ кашиданд, вале бенатиҷа. Моҳи май туркон аз баҳри тоҷикон гузаштанд. Ҷавонони ҳайрону раҳгумзада барои маоши худ ба ширкат омаданд, вале касе ба онҳо эътиборе надод. Онҳо ба касе ҳам арзу шикоят бурда наметавонистанд, зеро шартномаи меҳнатӣ надоштанд.

Пас аз тафтиши дуюм, ки дар ширкат гузаронида шуд, ғайр аз 18 нафар дигар ҳама корро дар ин ширкат қатъ намуданд. Касе намехост ғуломи ҳалқабаргӯш гардад ва бе музду маош кор кунад. Баръакс, чанд нафаре пайдо гаштанд, ки ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ ариза навишта, ҳаққи худро аз ширкат талаб намуданд. Тафтиш нишон дод, ки бо ягон коргари хориҷӣ ширкат шартномае набаста ва дар ҳуҷҷатҳо номи касеро сабт накардааст. Дар ҷараёни тафтишҳо роҳбарони ширкат як-як Тотористонро тарк намуда, ба Туркия баргаштанд. Шояд имрӯз онҳо аз ҳисоби ҷавонони тоҷик қасру кохҳо бунёд мекунанд, зеро ҷавонони тоҷик саводи ҳуқуқӣ надоранду ҳаққи хешро талаб намуда ҳам наметавонанд.

Бо нақли ин ҳодисаҳо ман аз ҳамаи ҳаммилатонам хоҳиш менамоям, ки ҳушёр бошанд, фирефта нагарданд, ба касе бовар накунанду қонунро хуб омӯзанд.

Сайвалӣ ШЕРАЛИЗОДА, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *