Гуруснагӣ. Кӣ аз эҷоди хавфи он фоида мебинад?

Бино ба пешгӯии шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, дар соли 2023 камбуди ғизо бештар ба чашм расида, арзиши маҳсулот нуқтаи баландтаринро соҳиб хоҳад гашт ва интизор аст буҳрони нави иқтисодӣ ҷаҳонро ба гирдоби худ печонад. Чунин пешгӯиҳо дар истиноду такя ба хулосарониву маърӯзаҳои иддае аз сиёсатмадорони бозингари пасипардагии олами ғарб ва муҳтавои маърӯзаи баъзе аз созмонҳои ҷаҳонӣ тавлид гардидаву ба нашр мерасанд.

Бино ба таҳлили коршиносону таҳлилгарони масоили иқтисодии ҷаҳонӣ, дар соли 2023 камбуди ғизо ва болоравии арзиши он ҷаҳонро доман мезанад ва ин ҳамаро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда оид ба воқеоти Украина рабт медиҳанд.

Воқеан ҳам бархӯрдҳои низомӣ дар Украина буҳрони нави ҷаҳониро эҷод кард, ки аз оташи он имрӯз хушку тар баробар туъмаи оташанд. Ҷонибҳою иттифоқчиёнашон алайҳи ҳам таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кардаанду зарбаи ҷонкоҳи он бар тахтапушти мардум мехӯрад. Камбуди ғизову болоравии нархи маҳсулот барои мардум мушкили рақами як гашта.

Қимати нурӣ боло равад, нархҳо болотар мераванд?

Моҳи марти соли равон нархи газ нуқтаи баланди рекордиро соҳиб гашт. Дар Аврупо бинобар хавфи содироти захираҳои энержӣ, ҳазор кубометри газ ба 3892 доллар баробар гардид. Маъмулан, арзиши миёнаи газ тайи солҳои охир тахминан 200 долларро ташкил медод. Чунин болоравии қимати газ, аввалтар аз ҳама ба арзиши маҳсулоти нафту газу химия — истеҳсолу коркарди нуриҳои минералӣ таъсири амиқи худро гузошт. Бинобар камбуди нуриҳои минералӣ ва мутаносибан боло рафтани арзиши аслии он, аксар аз деҳқонон водор шуданд, то истеҳсолотро коҳиш диҳанд ва мусаллам аст, ки чунин амалкард дар навбати худ омили болоравии нархи маҳсулот гардид…

Ахиран Кумитаи иҷроияи ИДМ гузориш дода, ки охири соли равон нархи нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон 70 фоиз боло меравад. Мусаллам аст, ки агар аҳвол чунин сурат гирад, он гоҳ болоравии нархи нуриҳои минералӣ таъсири худро ба арзиши маҳсулоти кишоварзӣ, бештар ба Тоҷикистон мегузорад. Ҳарчанд мегӯянд, ки ҳар гуна болоравиҳои нархи маҳсулот хусусияти мавсимӣ дорад, аммо дар чунин шароите, ки ҳамарӯза буҳронҳои ҷангиву молиявию иқтисодӣ эҷод мешаванд, болоравии нархи маҳсулот хусусияти мавсимии худро гум мекунад.

Дар чунин шароите, ки интиқоли нуриҳои минералӣ ба Тоҷикистон мувоҷеҳ ба мушкилот гаштааст, оё дар Ватан имкону тавони сохта ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ имкон надорад?

Ҳанӯз соли 2014 Вазорати  саноат  ва технологияҳои  нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки миёни вазорати мазкур ва ширкати “Синсян Жонтай Синилу Нонией Инвест”-и Чин Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ барои бунёди корхонаи тавлиди нуриҳои минералӣ ва фосфор дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки мутобиқи лоиҳаи пешбинишуда, корхонаи мазкур 300 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ва 150 ҳазор тонна фосфор истеҳсол мекунад.  Аммо то ба имрӯз аз бунёду истеҳсоли корхонаи мазкур дараку хабаре нест.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ахиран дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд, ки қарор аст дар кишварамон корхонаи “Осиё Кемикал”, собиқ “Азот” тирамоҳи соли равон истеҳсоли нуриҳои азотиро ба роҳ монад. Таҷҳизоти ширкати мазкур аз шаҳри Сумии Украина интиқол дода мешавад. Ҳоло ки фасли тирамоҳ дар мекӯбад, оё метавон итминон ҳосил кард, ки ширкати мазкур оғоз ба кор мекунад?!

Бино ба гуфтаи вазир, як тарҳи дигаре аз сӯи ширкати “Талко Кемикал” дар ҳоли анҷомёбист, ки ин ширкат низ истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ, аз қабили суперфосфат ва нутрифосфатро ба роҳ хоҳад монд. Аммо кай, ҳарчанд ваъда моҳи сентябр аст?

Тавре аз таҳлилу мушоҳидот бармеояд, кишоварзони Тоҷикистон ба се навъи нуриҳои минералӣ, аз қабили калийдор, фосфорӣ ва азотӣ ниёз доранд ва дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, метавон боварӣ ҳосил кард, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо муътадил ва ҷавобгӯи ҳамёни мардум мегардад?!

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон барои 700 ҳазор гектар заминҳои корам ба 750 ҳазор тонна нурии минералӣ эҳтиёҷ дорад. Танҳо дар чунин ҳолат аз заминҳо ҳосилнокии зарурӣ фароҳам меояд. Агар мо худро бо нуриҳои минералии худӣ таъмин карда натавонем, пас соле баъд вазъи кишоварзӣ дар кадом поя қарор хоҳад дошт, танҳо ба Худо маълум асту бас.

Нархи ғалла гарон, мардум сарсон?

Истеҳсолу интиқоли ғалла, ки маҳсулоти аввалияи талаботи мардум ба ҳисоб меравад, дучори мушкилот гашт. Коршиносону сиёсатмадорони рус вазъи ноҳинҷори интиқоли ғалла ва бо мушкилот мувоҷеҳ шудани таъмини амнияти озуқавориро дар ҷаҳон натиҷаи хатокории Ғарб маънидод мекунанд.

Иқтисоддонҳои ҷаҳонӣ омили болоравии нархи ғалларо ба арзиши истеҳсоли он, қимати нурии минералию маводи сӯхт, миқдори истеҳсолшудаи ғалла ва нархи муқарраркардаи фюсерсҳо барои харидории ғалла маънидод мекунанд.

Содиркунандаи бузурги ғалла дар ҷаҳон Русия маҳсуб мешавад (30 млн тонна). Баъдан, ИМА (26 млн тонна), Канада (26 млн тонна), Фаронса (19 млн тонна). Таҳримҳои эълоншуда алайҳи Русия ва ҷоринамоии маҳдудият дар харидории ғаллаи Русия омили болоравии нарх ва эҷоди ҳангомаи гуруснагӣ гашт.

Дар ҷаҳон истеҳсолу истеъмоли гандум 720-780 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 170-200 млн тонна содирот мегардаду халос. Нишондоди мазкур ҷавобгӯи талаботи аҳолии ҷаҳон нест ва маҳз чунин омил муҷиби эҷоди ҳар гуна хавфу таҳдидҳо мегардад.

Кӣ бояд дар баробари таъмини сулҳу амнияти сайёра, ҳамчунин ҷиҳати рафъи дигар аз таҳдиду хавфҳо бошад? Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид (WFP), ки соли 1961 таъсис ёфта, ҳамчунин бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон эътироф гаштааст, мебояд ҷиҳати аз вартаи гуруснагӣ раҳо ёфтани мардуми муҳтоҷу дар ҳоли фақр қарордошта дасти мадад расонад. Қаблан дар маърӯзаи ин созмон омада буд, ки тибқи Барномаи мазкур беш аз 300 млн нафар одамони 80 мамлакати рӯи дунё кумак мегиранд. Аммо тавре имрӯз ба мушоҳида мерасад, СММ пайи таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва аз вартаи гуруснагӣ наҷот бахшидани мардуми сайёра гомҳои устувор намегузорад. Масъалаи низоъу ноамниҳо дар Украинаву Афғонистон, ки хатари ҷиддиест барои ҷомеаи ҷаҳонӣ, касеро ба ташвиш намеорад.

Тоҷикистон дорои захираи бойи сарватҳои заминиву зеризаминист. Олимону иқтисоддонҳои кишвар пайваста ҷиҳати берун шудан аз бунбасти иқтисодӣ роҳу василаҳои илмиро пешниҳод  мекунанд. Ва хуб мебуд, агар гуфтаи рӯикоғазии олимону соҳибтахассусҳо татбиқу амалӣ мегашт. Ана он вақт муҳтоҷи оби дари хонаи ҳамсоягон намешудем. Дунё ба умед?!

Муҳиддин ИДИЗОДА,

махсус барои “Тоҷикистон”

P.S.  Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) 25-уми августи соли равон арзёбии ахири нархгузорӣ дар Тоҷикистонро нашр кард ва хабар дод, ки қимати орд, шакар ва равған аз 1 то 3 дарсад поён рафтааст. Ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе каме беш аз 7 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта се дарсад арзонтар аст. Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳафта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтааст. Сабаби коҳиш ёфтани нархҳо мавсими ҳосилғундорӣ ва афзоиши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *