Гуруснанишинии занони тоҷик дар Ироқ
Як гурӯҳи занони маҳбуси тоҷик дар зиндони занонаи Русафаи Бағдод, пойтахти Ироқ аз рӯзи 24-уми апрели соли 2023 ба нишони эътироз ба “иттиҳомоти сохта ва муҷозоти ноодилона” ва бо талаби озодии билофосила эълони гуруснанишинӣ кардаанд.
Инҳо аксаран аҳли хонаводаҳои ҷангҷӯёни тоҷики созмонҳои ифротӣ, асосан ДОИШ мебошанд, ки дар пайи саркӯб шудани ба ном “хилофати исломӣ”, ки ДОИШ дар сарзаминҳои ишғолкардааш дар Ироқу Сурия таъсис дода буд, аз сӯи мақомоти амниятии Ироқ дастгир шудаанд.
Дар сабти видеоие, ки дар “Ютуб” нашр шудааст, 8-9 зани бурқаъ ва ниқоб бар тану рӯ дар рӯ ба рӯи дурбини видеокамера ҳозир шудаанд ва яке аз онҳо матни муроҷиатномаашонpо қироат мекунад.
Ба гуфтаи ин зан, онҳо ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар зиндони занонаи Русафа дар шаҳри Бағдод нигоҳ дошта мешаванд. “Сарфи назар аз он ки мо дар амалиёти ҷангӣ ва дар ҷанг иштирок накардаем. Дар ҳоли ҳозир мо дар маҳбас қарор дорем ва дар инҷо мо аз имкони дидани фарзандону хешу табору дӯстон ва аз нигоҳубини тиббӣ маҳрумем. Ба ин далел, ба бемориҳои вазнин дучор шудем ва дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона дар ин маҳбас шумораи зиёди занону кӯдакон мурдаaнд”,- таъкид мекунад сухангӯи занони эътирозгар.
Ёдовар мешавем, ки ба таблиғоти созмонҳои тундрав дода шуда, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарони пирашон ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи ин гурӯҳҳои ҷангҷӯ, асосан ба сафи ДОИШ пайвастанд. Теъдоде аз ин ҷангҷӯён дар амалиётҳои ҷангӣ кушта шуданд.
Пас аз саркӯб шудани ДОИШ дар Сурияву Ироқ мақомоти ин кишварҳо беш аз 500 нафар шаҳрвандони тоҷикро боздошт карданд. Мақомоти дипломатии Тоҷикистон бо роҳбарии сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода соли 2017-ум 89 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ва моҳи июли соли 2022 боз 146 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Ватан баргардониданд. Вале ба Ватан баргардондани ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷик ба мушкилӣ сурат мегирад, чунки дар Ироқ даҳҳо нафари онҳо бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон ва чанд зани тоҷику ӯзбек ҳатто маҳкум ба зиндони умрбод шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ