Гуштингири 14 -сола мусобиқаро ба милиса бой надоду ӯро куштанд
Turkmen.news хабар додааст, ки дар Туркманистон, Сулаймон Турсунбоев, гуштигири 14-соларо баъди он ки нахост, ба корманди ВКД муҳорибаро бозад, лату кӯб карданд.
Баъди мусобиқа афроди ношинохта ӯро рабуда, то лаҳзаи марг лату кӯб карданд ва дар кӯча партофтанд.
Волидони навраси кушташуда ба президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов муроҷиат карда, гуфтаанд:
«Писари моро як гуруҳи одамон лату кӯб кардаанд, ба ӯ даст расонидан намешуд, вай гуфт, ки тамоми баданаш дард мекунад».
Шоҳидон мегӯянд, ин фоҷеи дар оғози моҳи феврал рух додааст. Пеш аз рақобат бо корманди милиса аз Сулаймон мехоҳанд, ки гуштиро бозад, аммо вай рад мекунад. Сулаймон Турсунбоев дар бемористон вафот кард.
21-сола, зодаи Хатлон. Қотили ронандаи таксӣ дар Душанбе кист?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ