Густариши ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахши тиби халқӣ ва саноати дорусозӣ

Дирӯз, 26-уми сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода бо ҳайати Донишгоҳи тиби анъанавии чинии Чэнду ва ширкати чинии  дорусозии “Good Doctor”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, нахуст Абдухолиқ Амирзода меҳмононро хайрамақдам намуда, доир ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шудааст.

Аз ҷумла қайд гардидааст, ки дар давраи пандемияи “Ковид-19” Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва табобати сирояти коронавирус кумаки хешро расонид.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шудааст, ки табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахш бой мебошад ва Ҳукумати мамлакат ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди саноати дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар бахши тиби халқӣ ва рушди саноати дорусозӣ мубодилаи афкор намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *