Гутерриш дар Осиёи Марказӣ. Аз ҳалли мушкили марз то ҳушдор ба сарони кишварҳо

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Антониу Гутерриш бо сафари корӣ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад. Сафари ӯ 30-юми июн оғоз шуда, қарор аст то 7-уми июл идома кунад.

Орден ба Гутерриш

Гутерриш 30-юми июн, дар рӯзи нахустини сафараш ба Ӯзбекистон аз боздиди маҷмааи Ҳазрати Имом оғоз шуд. Рӯзи 1-уми июл бошад, аз неругоҳи барқи офтобии RiverSide дар вилояти Тошканд, инчунин маҳалла дар ноҳияи Яккасаройи пойтахт боздид намуд.

Ҳамчунин дабири кулли СММ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуда, дар масоили ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва иттилоотӣ дар минтақа суҳбат кардааст. Пас аз вохӯрӣ Мирзиёев ба Антониу Гутерриш ордени “Дӯстлик” тақдим намудааст.

Ҳалли мушкили марз

«Мо бовар дорем, ки масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ, осоишта ва тавассути музокирот ба мисли Ӯзбекистон ҳал мешавад»,- гуфт дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов зимни мулоқоташ рӯзи 2-юми июл дар шаҳри Чолпон-Ота. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.

Дар девони вазирони Қирғизистон хабар додаанд, ки дабири кулли СММ шоми 1-уми июл ба Қирғизистон ташриф овардааст.

Дар ҷараёни сафараш Гутерриш бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар ин кишвар шинос мешавад.

Таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки яке аз мавзуҳои асосии сафари Гутерриш ба Осиёи Марказӣ мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад. Қарор аст ӯ ин мавзӯро дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзи 4-уми июл дар Остона баргузор мешавад, низ матраҳ намояд.

Дар сафари Гутерриш Тоҷикистон мақоми хос хоҳад дошт, зеро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд муҳим будани масъалаи тағйирёбии иқлимро ба миён гузошта, дар ин самт ташаббусҳои худро муаррифӣ кардааст. Аз ҷумла масоили ҳифзи пиряхҳоро дар СММ Тоҷикистон матраҳ кардааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда, тақрибан 60 фоизи захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Солҳои охир беш аз ҳазор пирях об шуда, ин ба нигоҳдории экосистемаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои ҷиддӣ ба бор меорад.

Мувофиқи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2018, Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи дорои дараҷаи баланди осебпазирӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *