Гутерриш:Ба ҷаҳон гуруснагии саросарӣ таҳдид мекунад
Дар Судони Ҷанубӣ, як коса биринҷ ва лӯбиё тақрибан 180% музди миёнаи якрӯзаро ташкил медиҳад.
Дабири кулли СММ Антоно Гутерриш ҳушдор дод, ки шумораи гуруснагон дар ҷаҳон метавонад афзоиш ёбад. Вай чунин изҳоротро дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ изҳор доштааст. «То охири соли 2020, зиёда аз 88 миллион нафар одамон аз сабаби низоъ ва ноустувориҳо дар кишварҳояшон аз гуруснагии шадид азият кашиданд», — шарҳ дод Гутерриш. Соли гузашта шумораи гуруснагон дар ҷаҳон 20% зиёд шуд. Дабири кулли СММ бовар дорад, ки ин динамикаи хатарнок дар соли 2021 низ идома хоҳад ёфт. «Зиёда аз 30 миллион нафар аҳолии зиёда аз 30 кишвар ҳамагӣ як қадам аз эълони гуруснагии саросарӣ дуранд» гуфт ӯ. Гуруснагӣ дар Сахел (минтақаи ҷануби биёбони Саҳрои Африка ) ва нимҷазираи Сомалӣ ва инчунин Судон, Яман ва Афғонистон афзоиш меёбад. Марг аз гуруснагӣ тақрибан ба 150 ҳазор нафарро таҳдид мекунад. Гутерриш гуфт, танҳо дар Яман, тақрибан 2,3 миллион кӯдак дар соли 2021 бо гурснагии шадид рӯбарӯ хоҳанд шуд. Соли 2020 дар Ҷумҳурии Демократии Конго 21,8 миллион нафар гуруснагиро аз сар гузаронданд. Дар Судони Ҷанубӣ, як коса биринҷ ва лӯбиё тақрибан 180% музди миёнаи якрӯзаро ташкил медиҳад, гуфт дабири кулли СММ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ