Гуттериш: Вазъи Афғонистон кай беҳтар мешавад?!
Созмони Милали Муттаҳид дар гузорише мегӯяд, «Толибон» ва муттаҳидони он, тибқи шунидаҳо, шумораи зиёде аз мақомоти пешин, нерӯҳои амниятӣ ва афродеро, ки барои гурӯҳҳои низомии байнулмилалӣ кор карда буданд, куштаанд.
Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гуттериш, дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ, ки нусхаи он ба хабаргузории «Рейтерз» расидааст, дар бораи зиндагии 39 миллион мардуми Афғонистон маълумот пешниҳод кардааст. Тибқи ин гузориш, аз тобистони соли гузашта, ки Толибон дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд, шароити зиндагии мардум дар ин кишвар бадтар шудааст.
Дабири кулли СММ ҳушдор додааст, ки низоми иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон пурра дар ҳоли фурӯ пошидан аст. Вай дар ин гузориш аз Шӯрои Амният хостааст, фаъолияти СММ-ро дар Афғонистон «мутобиқ ба шароити пешомада» роҳандозӣ кунад ва барои таъсиси як ниҳоди нави ҳимоят аз ҳуқуқи башар талош намояд.
Антонио Гуттериш мегӯяд, намояндагии СММ дар Афғонистон гузоришҳои боварбахше дар бораи куштор ва нопадид шудани мақомоти ҳукумати пешини Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар ва афроде дарёфт мекунад, ки барои нерӯҳои низомӣ ба раҳбарии Амрико кор кардаанд, менингорад Радиои Озодӣ.
Тибқи ин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз 15-уми августи соли гузашта то кунун беш аз 100 нафар аз ин афрод ба дасти Толибон ё вобастагони онҳо кушта шудаанд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба ҳукмҳои худсаронаи дастикам 50 нафар ба гумони узвият дар гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ ишора кардааст. Ӯ дар ниҳоят изҳор дошт, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва коркунони расонаҳоро боздоштҳои худсарона, озору азият ва қатл таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ