Гузариши Кай Хавертс аз “Челси” ба “Арсенал”

Кай Хавертс аз “Челси” ба “Арсенал” гузариш кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Арсенал” хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, шартнома бо Кай Хавертс то тобистони соли 2028 ба тасвиб расидааст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки «Арсенал» барои гузариши футболбози олмонӣ ба «Челси» 75 миллион евро (бо назардошти мукофотпулӣ) пардохт кардааст. Дар дастаи нав Кай Хавертс зери рақами 29 баромад мекунад.

Гуфта мешавад, ки сармураббии «Арсенал» Микел Артета мехост Кай Хавертсро дар дастаи худ бубинад, аз ин рӯ, онҳо кӯшиш кардаанд, то шартномаро ҳарчи зудтар банданд.

Ёдовар мешавем, ки Кай Хавертс моҳи сентябри соли 2020 аз «Байер» ба «Челси» гузариш карда буд. Бо «Челси» Кай Хавертс ғолибияти Лигаи Чемпионҳо, Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *