Гузаронидани туй, парвозҳо ба Дубай ва Ӯзбекистон иҷозат шуд
Имрӯз, 17 июн таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баргузор гардид.
Тавре иттилоъ дода мешавад, бо назардошти ба эътидол омадани вазъияти паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тибқи ин он аз 20-уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомат ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин тибқи қарори ситоди ҷумҳуриявӣ барои анҷоми парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-уми июли соли равон иҷозат дода мешавад ва мусофирон бояд ҳатман маълумотномаи тиббӣ дошта бошанд.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки масъалаи ташкили парвозҳоро ба самти Россия, Туркия ва Чин мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ таклифу хулоса пешниҳод намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ