Гузориши Туркманистон дар СММ

Ҳайати Туркманистон дар СММ аз ҳуқуқи занон гузориш дод. Расонаҳо менависанд, 10 июл дар дафтари СММ дар Женева Мардон Говшудов, муовини вазири маорифи Туркманистон гузориши ҳукуматашро дар мавриди Конвенсияи бартарафсозии ҳама навъи хушунат зидди занон қироат кард.

Аз намояндагони Туркманистон хостанд, ки хабарҳо дар мавриди таъқибсозии занони ҳомии ҳуқуқро шарҳ диҳад, ҳамзамон суол карданд, ки оё дар идораҳои давлатии Туркманистон либоси ягона барои занон мавҷуд аст ё на ва оё занон иҷборан ба кори саҳро ҷалб мешаванд ё на.

Аммо намояндагони Туркманистон танҳо бо такя ба қонунҳо ва барномаи миллӣ посух дода, шарҳи муфассал ироа накардаанд.

Рӯзи 9 июл намояндагони «Ташаббуси Туркманистон дар умури ҳуқуқи инсон» нишасти хабарӣ баргузор ва дар мавриди мавзуҳои мазкур гузориши алтернативӣ пешниҳод кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *