Гузоштани камераҳои назоратӣ дар ятимхонаҳо
Дар ҳамаи ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳои Ӯзбекистон дурбинҳои назоратӣ (камера) мегузоранд. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки ҳолатҳои хушунат дар вилоятҳои Марғилон ва Тошканд ошкор гардид, хабар медиҳад додситонии кулли Ӯзбекистон.
«Ин далели ошкор аст. Имрӯзҳо дар ҳамаи вилоятҳо, дар ҳамаи ноҳияҳо санҷиш идома дорад. Ин масъала зери назорати ҷиддии мақомот аст. Ҳоло сабти дурбинҳо идома дорад. Тафтиш аз рӯи он ду ҳодисаи хушунат давом дорад», — гуфт сухангӯи додситони кул Сурайё Раҳмонова.
Пештар аз ин хабар расид, ки кормандони масъули мактаб-интернати №78 дар ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканд дар пинҳон кардани ҳодисаи гум шудани кӯдакон айбдор мешаванд.
Кормандони ятимхонаи №1 дар вилояти Марғелон низ дар дуздии маблағҳои барои ятимхона ҷудошуда, инчунин хушунати ҷисмониву ҷинсӣ нисбати кӯдакон айбдор шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ