ГЖК-мероси ларзонаки Шӯравӣ

Субҳи 19 декабр кормандони Маҷмааи табъу нашри марбут ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон “Шарқи озод”, ки дар байни мардум бо номи “ГЖК” машҳур аст, бо ҳарос ба коргоҳи худ медаромаданд.

Онҳоро фуру рафтани як қисми пешайвон( балкон)-и ин бино дар ошёнаи 12 ба ҳарос афканда буд. Тавре,ки шоҳидони ин ҳодиса, посбонони бино нақл мекунанд, тақрибан соати 23,30 фарши пешайвон иборат аз плитаҳои бетонӣ ба поён фурӯ рехта, аз паҳлуи пешайвони ошёнаи 11, ки дар он ҷо идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҷойгир аст, безарар гузашта, аммо ба болои дафтари хабаргузории “Авесто” меафтад ва боми онро сӯрох мекунад.Вазни плитаҳои бетонӣ беш аз 100 килограм буданд. Хушбахтона, ҳодиса дар вақти ғайрикорӣ ба амал омад ва касе зарар надид.
Дар замони шӯравӣ мувофиқи нақшаи якхела дар бисёр шаҳрҳри СССР чунин комплексҳои 16 ошёна  бунёд карда шуданд. Сохтмони Комплекси газетаю журналҳо дар Душанбе соли 1986 ба охир расида буд, вале он замон комиссия давлатӣ барои ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар сохтмон онро қабул накарда буд. Бо вуҷуди ин, аз соли 1988 дар ин бино идораи чандин газетаҳо ҷой дода шуданд. Тавре,ки мутахассисони соҳаи сохтмон изҳор медоранд, ҳамасола ин бино ба қадри ночиз бошад ҳам, фурӯ меравад. Зеро он дар хоктеппа бунёд шудааст.То ин дам дар он танҳо таъмири беруна гузаронида шудааст ва боре ҳам таъмири асосӣ нашудааст. Тавре, ки роҳбарияти Комплекс изҳор медоранд, онҳо барои таъмири асосӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ ба ҳукумат нома ирсол намуда буданд, вале дархости онҳо ҷавоби рад гирифтааст. Ҳоло масъулони Муҷтамаи табъу нашри “Шарқи озод” ба ҳисобу китоби хисороти аз фурурезии айвон расида шурӯъ кардаанд, вале маълум нест,ки маблағи зарари расонидашударо кӣ пардохт менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *