Хӯҷа Командир дар 20 ҳолат одам кушта будааст

Наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд.

Тавре дар нишасти имруза бо хабарнигорон Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон иттилоъ дод , собиқ ҷанговари Фронти халқӣ, Хӯҷа Каримов (Хуҷа Командир) дар 20 ҳолати одамонро қатл кардааст. Мақомоти интизомии кишвар соли гузашта гуфта буданд, ки бар зидди Хӯҷа Каримов , бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла одамкушӣ ва гаравгонгирӣ, парванда кушодаанд. Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврали соли гузашта аз Дубай ба Душанбе оварданд. Ӯ ҳудуди бист сол пеш аз кишвар фирор карда, тобистони соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Аз рӯи гуноҳҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов парванда боз кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.(Ба ҳукми қатл дар Тоҷикистон моратория эълон шудааст)
Шоҳидони рӯйдодҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Каримовро дар «бераҳмии фавқулода нисбат ба аҳолии осоишта» муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, наздикони бародарон Сияршо ва Саидшо Шоевҳо Хӯҷа-Командирро дар қатли ин ду вакили собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон айбдор медонанд. Парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Хӯҷа Каримов, аз сӯи Раёсати парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Тоҷикистон таҳқиқ шуда, ба суд ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *